Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Депутатҳои тоҷик лаҳзаи сукут эълон карданд


Вакилони порлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи чоршанбеи худ ба хотири ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар таркиши фурудгоҳи «Додомедедово»-и шаҳри Маскав кушта шуданд, лаҳзаи сукут эълон кардаанд.
Хабарнигори Озодӣ, ки ҷараёни ҷаласаи вакилони Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумонро мушоҳида мекард, гуфт, ин пешниҳод аз сӯйи Давлаталӣ Давлатзода, вакили мардумӣ аз ҳизби халқӣ-демократӣ сурат гирифтааст.
Бар асари инфиҷори шоми 24-уми январ дар бузургтарин фурудгоҳи Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистон Ҷабборов Собир ва Ҳақназаров Мурод кушта ва 13 тан захмӣ шуданд.
Сафорати Тоҷикистон дар Руӯсия мегӯяд, шаҳрвандони захмии Тоҷикистон дар бемористонҳои Маскав ҷойгир шуда, сафорат вазъи онҳоро таҳти назари худ дорад.
XS
SM
MD
LG