Пайвандҳои дастрасӣ

Ба дунболи таркиши Маскав, тадобири амниятӣ дар иншооти муҳими Тоҷикистон, аз ҷумла фурудгоҳҳо тақвият ёфтаанд.

Фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон аз радио ё баландгӯяки фурудгоҳ пайваста ба мусофирон ва пешвозгирандагон муроҷиат намуда, аз онҳо даъват мекунад, ки ҳангоми парвоз ҷиддӣ муносибат кунанд.

Вақте ба фурудгоҳи Душанбе омадем, қабл аз вуруд ба толори интизорӣ мусофирон мавриди тафтиш қарор дода мешуданд.

Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон, ба «Озодӣ» гуфт, ин иқдом пас аз таркиши фурудгоҳи «Домодедово» ба хотири тақвияти амниятӣ гирифта шудааст. Вай афзуд, пас аз ҷаласаи изтирории маъмурияти Фурудгоҳи байналмилалӣ ба Хадамоти амнияти авиатсионии фурудгоҳ дастури махсус дода шуд, ки шароити амниятӣ пурзӯр карда шавад.



"Шӯъбаи умури дохилии фурудгоҳ низ муваззаф карда шуд, ки бехатарии мусофирон, дохили бинои фурудгоҳ ҳамаҷониба таҳти назорати амниятӣ қарор дода шавад. Ҳоло бо дурбинҳо, монитор майдони ҳавоӣ, саҳни фурудгоҳ, бошишгоҳи ҳавопаймоҳо шабонрӯзӣ назорат бурда мешавад"
,-мегӯяд ҷаноби Шодиев.

Таркиши «Домодево» водор намудааст, ки мақомоти қудратии Тоҷикистон тадбирҳои бехатариро дар биноҳои муҳими стротегии кишвар низ ба роҳ монад.



Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар робита ба ин мегӯяд, "табдирҳои амниятӣ дар ҳамаи фурудгоҳҳои кишвар ва дар истгоҳҳои роҳи оҳан дида шудааст. Ҳамчунин, теъдоди кормандони умури дохилӣ барои назорат афзоиш дода шудааст."



Дар ҳамин ҳол, Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ситоди сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз ҳисоби кормандони сафоратхона ва кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, ки дар Русия кор мекунанд, гурӯҳе таъсис дода, барои маълумот пайваста аз аҳволи захмбардоштаҳо бохабар мешаванд.

Давлат Назрӣ афзуд, ба хонаводаҳое, ки дар таркиши Домодедово кушта шуда ва ё захм бардоштаанд, ҳукумати Русия кумаки молӣ хоҳад расонид.
Бино ба иттилои идораи Фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон то кунун ҷасади ду тан аз шаҳрвандони Тоҷкистон, ки дар фурудгоҳи «Домодедово» кушта шуданд, интиқол дода нашудаанд.

Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи ин фурудгоҳ мегӯяд, эҳтимол дорад, дар хатти сайри шоми имрӯз, 26-январ, яке аз ҷасадҳо бо ҳавопаймо оварда шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG