Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон ва Австралия – дар финали Ҷоми Осиё


Тимҳои миллии футболи Ҷопон ва Австралия ба бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2011, ки дар Қатар ҷараён дорад, роҳ ёфтанд.

25-уми январ бозиҳои ниманиҳоӣ баргузор шуданд. Нахуст мунтахаби Ҷопон дар варзишгоҳи Ал-Ғарафаи шаҳри Доҳа бо тими Кореяи Ҷанубӣ рақобат кард.

Замони асосии ин дидор бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Дар замони изофӣ низ дастаҳо якголӣ ба самар расонданд ва ҳисоб 2:2 шуд. Тақдири роҳхат ба бозии ниҳоиро силсилаи зарбаҳои 11-метра ҳал намуд. Ҷопон аз рӯи пенолти бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд ва ба финал баромад.

Бозии дигари ниманиҳоӣ шаби сешанбе, 25-уми январ, дар варзишгоҳи Халифаи Доҳа барпо гардид. Мунтахаби Австралия тими Узбакистонро бо ҳисоби бузурги 6:0 шикаст дод. Австралиягиҳо дар нимаи аввали дидор ду гол ва дар нимаи дуввум чаҳор гол заданд.

Ба ин тартиб тимҳои Кореяи Ҷанубӣ ва Узбакистон, ки дар 1/2 финал шикаст хӯрданд, 28-уми январ дар варзишгоҳи Ал-Садди Доҳа байни худ барои ҷои саввум талош мекунанд.

Дастаҳои Ҷопон ва Австралия бошанд, 29-уми январ дар варзишгоҳи Халифаи пойтахти Қатар дар бозии ниҳоӣ барои ба даст овардани Ҷоми Осиё мубориза хоҳанд бурд.
XS
SM
MD
LG