Пайвандҳои дастрасӣ

Кумисиюни миллии ҳодисаҳои Ӯшу Ҷалобод барои нахустин бор санадҳои расмиро пешкаши матбуот кард.

Абдуғанӣ Эркибоев, раиси Кумисиюни миллӣ ва вакили порлумон бо такя ба санаду ҳуҷҷатҳое, ки аъзои Кумисюн ҳангоми таҳқиқу омузиши ҳаводиси нооромиҳои ҷануби Қирғизистро пешиниҳод кардаанд мегӯяд, ки барои ноором кардани вазъи кишвар, хонаводаи Қурманбек Боқиев, президенти собиқи ин кишвар бо созмонҳои террористӣ ва тундгаро машварату ҳамкорӣ кардаанд.

Ҳамкорӣ бо ҲИУ, ИНОТ ва Толибон?

Абдуғанӣ Эркибоев, раиси ин Кумисиюн тасдиқ мекунад, ки хонаводаи Қурманбек Боқиев бо созмонҳое ба мисли Ҳаракати исломии Узбакистон, Иттиҳодияи мухолифини тоҷик ва гурӯҳи Толибон мувофиқа кардааст, ки дар ба ҳам задани авзоъ ширкат кунанд.

Муҳиддин Кабирӣ, узви парлумони Тоҷикистон ва раиси ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки аз далелу санадҳои ин кумисиюн бохабар аст, вале бо наҳваи пешинҳоди иттилоъ розӣ буда наметавонад. Ба қавли ҷаноби Кабирӣ, иттиҳодияи мухолифини Тоҷик ҳанӯз даҳ сол қабл барҳам хӯрд ва дар Тоҷикистон созмоне бо ин ном вуҷуд надорад.

Вай меафзояд: «Агар нафаре ё гурӯҳе аз собиқ ИНОТ дар ҳодисаҳои Қирғизистон даст дошта бошад ва ҳамроҳ бошад бояд ному насаби ӯ дақиқ оварда шавад ва ҳамон шахси дастандаркор ба ҷавобгари кашида шавад на иттиҳодияи мухолифини пешини тоҷик, ки даҳ сол мешавад вуҷуд надорад. Аз ин рӯ ман аз коршинсони ин кумисиюн даъват мекунам, ки ба ин масъала мӯшикофона расидагӣ кунанд.»

Бо шурӯи нооромиҳо дар Ӯшу Ҷалолобод ва дар ҷараёни ин ҳаводис, мақомоти амниятии Қирғизистон задаст доштани шаҳрвандони тоҷик дар пинҳон кардани фарзандони Боқиев изҳорот дода буданд.

Мақомоти тоҷик иддаоро рад мекунанд

Вале мақомоти амниятии Тоҷикистон ин иддаоро рад карданд ва онро як итилои ноҷо арзёбӣ карда буданд.

Коршиноси маркази стротегии назди президенти Тоҷикистон Фаррух Умаров мегӯяд, ки дар нооромиҳои Қирғизистон бидуни далел ном гирифтани созмон ё гурӯҳ сарфи назар аз мавқеи созмон метавонад муносибати ду кишварро хатшадор кунад.

Фаррух Умаров меафзояд: «Чунин таҳқиқоти Кумисиюни миллии Қирғизистон як навъ бесалоҳиятии коршинсони онро нишон медиҳад. Агар аз Иттиҳодияи мухолифини тоҷик ном бурда мешавад, чаро номи нафаре мушаххасан оварда намешавад. Ин хеле машкук ба назар мерасад. Ин айнан мисли он буд, ки се моҳ қабл мақомоти амниятии Қирғизистон, Тоҷикистонро дар даст доштан ба ҳаводиси Қирғизистон айбдор карда буд ва пас аз радияи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, масъули мақомоти амниятии Қирғизистон пузиш хост. Ин худ далели онаст, ки мақомоти амниятии Қирғизистон аз ҳаводиси моҳи июни Ӯшу Ҷалолобод иттилоъи ҳамаҷонибаву дақиқ надоранд»

Ба ин тартиб таҳлилгарон ва намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон бо такя ба хабаргузориҳо мегӯянд, ки ҳанӯз дар гузориши Кумисиюни миллии Қирғизистон даст доштани зархаридҳои хориҷӣ тасдиқ нашудаст ва ба таври умумӣ баҳогузорӣ кардан ба ҳаводиси кишвар на танҳо дар дохил, балки дар миёни ҳамсоякишварҳо низ норозигиро ба вуҷуд хоҳад овард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG