Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даҳҳо ҳазор нафар аз норозиён истеъфои раисиҷумҳури Миср, Ҳуснӣ Муборакро талаб мекарданд.

Полиси Миср дар маркази Қоҳира бо истифода аз тирҳои резинӣ ва гази ашковар эътирозгаронро пароканда кард. Ин тазоҳурот ҳамагӣ як рӯз баъд аз силсилаи раҳпаймоиҳоест, ки бузургтарин эътирози зидди ҳукумати сисолаи Ҳуснӣ Муборак дар солҳои охир унвон мешавад.

Дар эътирозҳои дирӯза, ки бо илҳом аз эътирозҳои Тунис доир шуд, 2 тазоҳургар ва 1 афсари полис кушта шуданд. Амрико, муттаҳиди наздик ва кӯмакрасони бузурги Миср ҳамаи ҷонибҳоро ба хотири ҷилавгирӣ аз хушунат ба хештандорӣ даъват кардааст.

Талаби истеъфои Ҳуснӣ Муборак

Рӯзи сешанбе гурӯҳҳои мухолифини Миср, ки аз комёбии эътирозҳо дар Тунис рӯҳбаланд шудаанд, алайҳи фақру фасод, фишори давлат ва ҳам бо талаби хатми ҳукмронии раиси ин ҷумҳурӣ Ҳуснӣ Муборак, ки 30 сол боз бар ин кишвар ҳукумат мекунад, мардумро ба хиёбонҳо хонданд.

Намоишҳои эътирозӣ дар гӯшаҳои мухталифи Миср ба нирӯи бузурги полис рӯбарӯ шуданд. Пулис алайҳи тазоҳургароне, ки дар маркази пойтахт, шаҳри Қоҳира, кӯчаҳоро сангарбандӣ ва истеъфои Ҳуснӣ Муборакро талаб мекарданд, аз гази ашковар истифода бурд.

Аммо бо вуҷуди чунин бархӯрди шадиди пулис дирӯз майдони Таҳрир ва соҳилҳои рӯди Нил дар Қоҳира шоҳиди гирдиҳамоии зиддидавлатие буд, ки тайи 30 соли ҳукумати Муборак ками дар кам мушоҳида мешуд. Тазоҳургарон башиддат истеъфои Ҳуснӣ Муборакро талаб мекарданд.

Баъди онки дастикам 80 000 нафар аз аҳли Миср тавассути сомонаҳои иҷтимоие, чун Facebook, азми худ барои ширкат дар ин эътирозҳоро изҳор доштанд, давлати Миср нирӯҳои пулисро ба кӯча сар дод. Намоишҳои дирӯзаро ҷунбиши 6 апрел таҳти шиори “Рӯзи инқилоб алайҳи шиканҷаву фақру фасод ва бекорӣ” асосан тавассути шабакаҳои интернетие, чун Facebook ва Twitter созмон додааст. Мақомоти Миср дирӯз дастрасӣ ба сомонаи Twitter-ро масдуд карданд, ки теъдоди бештари мардумро ба хиёбонҳо даъват накунад.

"Роҳи ҳал Тунис аст"

Ихвонулмусилимин, умдатарин ташаккули мухолифини Миср расман ба эътирозҳои дирӯза напайваст, вале гуфт, аъзояш метавонанд ба сурати хусусӣ дар он ширкат биварзанд. Бино ба хабарҳо, танҳо дар Қоҳира барои муқобила бо эътирозгарон на камтар аз 30 000 маъмури пулис басиҷ шуда буд. Тазоҳургарон дар маркази пойтахт дар ҳошияи сохтмони Додгоҳи олӣ шиореро ҳам баланд карда буданд, ки “Роҳи ҳалл Тунис аст.”

Дар ду ҳафтаи пеш намоишҳои эътирозӣ дар Тунис, ки алайҳи фақру бекориву фасод ва ҳукумати тӯлкашидаи раиси он ҷумҳурӣ Зайналобуддин Бен Алӣ оғоз ёфт, дар ниҳоят Бен Алиро баъди 23 соли раёсат маҷбур ба тарки Тунис кард.

Дирӯз мухолифин дар Миср низ бо айни шиорҳои Тунис ба майдонҳо рехтанд. Таҳлилгарон рӯйдодҳои дирӯзаро имтиҳони ҷиддии фаъолони интернетӣ медонанд, ки оё даъватҳои интернетӣ чӣ миқдор аз мардумро ба кӯчаву хиёбонҳо хоҳад кашонд?

Ин ҳаводис ҳамчунин таъсиреро, ки муваффақияти эътирозҳои Тунис барои ҷунбишҳои мухолифин дар саросари ҷаҳони Араб ба ҷо гузоштааст, низ ба намоиш медарорад.

Мардум фақир, дигарандешон таҳти фишор

Аз нигоҳи шароит ва вазъи сиёсиву иқтисодӣ кишварҳои арабӣ аз ҳам фарқи чандоне намекунанд. Дар Миср низ ба мисли Тунис бахши бузурги мардум дар зери хатти фақр ба сар мебарад, фасод, ба хусус дар сутуҳи олии давлат, як чизи маъмулӣ шудааст, мухолифин ва дигарандешон таҳти фишори мошини қавии таъқиботии давлат қарор доранд ва маҷоли зиёде барои ҳатто изҳори назар кардан надоранд, чӣ расад ба ширкати муносиб дар ҳаёти сиёсии Миср.

Зимоми қудратро ҳам аз соли 1981 ба ин сӯ, инак 30 сол боз як нафар Ҳуснӣ Муборак дар даст дорад, ки дар мақомҳои калидӣ ва равғанӣ пайвандони худ ва ёронаш аз ҳизби ҳокимро ҷобаҷо кардааст.

Amnesty International, як гурӯҳи байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар аз мақомоти Миср хост, то ба эътирозҳои осоишта иҷозат диҳад. Аммо вазири дохилаи Миср Ҳабиб Адлӣ дастур додааст, то онҳоеро, ки “ба сурати ғайриқонунӣ изҳори назар мекунанд”, дастгир кунанд. Эътирозҳои дирӯза дар Қоҳираву Искандария ва шаҳрҳои дигари Миср, ки бино ба ҳисобҳо, то 20 000 нафарро гирди ҳам оварданд, қарор маълум, бидуни иҷозат доир шуданд. Ва табъан акнун болои сари созмондиҳандагонаш хатари боздошту ҳатто ҳукми зиндон шудан соя меафканад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG