Пайвандҳои дастрасӣ

Пулиси Миср эътирозгаронро бо зӯр пароканда кард


Пулиси Миср имрӯз дар маркази Қоҳира бо истифода аз тирҳои резинӣ ва гази ашковар эътирозгаронро пароканда кард. Ин тазоҳурот ҳамагӣ як рӯз баъд аз силсилаи раҳпаймоиҳоест, ки бузургтарин эътирози зидди ҳукумати сисолаи Ҳуснӣ Муборак дар солҳои охир унвон мешавад. Дар эътирозҳои дирӯза, ки бо илҳом аз эътирозҳои Тунис доир шуд, 2 тазоҳургар ва 1 афсари пулис кушта шуданд. Амрико, муттаҳиди наздик ва кумакрасони бузурги Миср ҳамаи ҷонибҳоро ба хотири ҷилавгирӣ аз хушунат ба хештандорӣ даъват кардааст.
XS
SM
MD
LG