Пайвандҳои дастрасӣ

Саакашвилӣ Русияро ба "тимсоҳ" монанд кард


Раисиҷумҳури Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ Русияро ба “тимсоҳ”-е монанд кард, ки омода ҳаст кишвари ӯро “фурӯ бубарад.” Саакашвилӣ дар як гуфтугӯи мустақими телевизионӣ аз “ишғол”-и Абхозистону Осетияи ҷанубӣ, ду вилояти ҷудоиталаб ва таҳти ҳимояти Маскав, сахт интиқод кард.
Маскав дар пайи ҷанги моҳи августи соли 2008 истиқлолияти ин ду вилоятро ба расмият шинохтааст. Саакашвилӣ гуфт, “зеҳнияти сиёсии Русия дар сатҳи хазандагонест, чун тимсоҳ, ки омода ҳаст шуморо фурӯ бубарад.” Ӯ ҳамчунин таркиши ахир дар фурудгоҳи “Домодедово”-ро ба сиёсати Русия дар Қафқоз иртибот дод.
XS
SM
MD
LG