Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

PACE Ҳошим Тоҷиро ба қочоқ айбдор кард


Маҷмаъи парлумонии Шӯрои Аврупо(PACE) гузоришеро, ки сарвазири Косово Ҳошим Тоҷиро ба ҳамдастӣ бо олами ҷиноӣ ва қочоқи аъзои бадан айбдор мекунад, тасвиб кард ва хостори “таҳқиқи ҷиддӣ”-и ин қазия шуд. Ин гузориш, ки аз сӯи сенатори швейтсарӣ Дик Мартӣ таҳия шудааст, мегӯяд, Тоҷӣ дар ҷараёни ҷанги поёни солҳои 90 алайҳи Сербистон ва баъди ҷанг як шабакаи созмонёфтаи ҷиноиро раҳбарӣ мекард ва гурӯҳи ӯ мухолифинашро мекушт ва даст ба қочоқи маводи мухаддир ва аъзои бадани сербҳои кушташуда мезад. Давлати Косово ин гузоришро бебунёд ва “тӯҳмат” номида, радд мекунад.
XS
SM
MD
LG