Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 2 гурӯҳи салафӣ дар Қубодиён


Ахиран дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон 2 гурӯҳи пайравони ҷараёни мазҳабии Салафияро кашф кардаанд.
Абдулмӯъмин Улфатов, раиси ноҳияи Қубодиён гуфт, ин афрод 60 ноболиғро ба ҳалқаҳои таълими мазҳабӣ фаро гирифта, қасд доштанд, онҳоро ба мадориси хориҷӣ бифиристанд.
Мақомот аъзои ин ду гурӯҳро ба доштани иртибот бо шабакаҳои байналмилалиии ифротие, чун Ал-Қоида ва Ҳаракати исломии Узбакистон низ айбдор мекунанд. Аммо нозирони маҳаллӣ ин иттиҳомро зери шубҳа мегузоранд.
XS
SM
MD
LG