Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Достиев аз захмиёни тоҷик аёдат кардааст


Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев дирӯз чанде аз шаҳрвандони тоҷики дар таркиши “Домодедово” захмишударо дар бемористонҳо аёдат карда, дар садад аст, имрӯз захмиёни дигар аз Тоҷикистонро низ аёдат кунад.
Дар таркиши шоми душанбе дар бузургтарин фурудгоҳи Маскав 2 шаҳрванди тоҷик – Ҷабборов Собир ва Ҳақназаров Мурод - кушта ва 13 тан захмӣ шуданд. Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъи 5 тани онҳо вахим хонда мешавад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз дар як тамоси телефонӣ ба ҳамтои русаш Дмитрий Медведев изҳори таслият кард.
Дар пайи таркиши “Домодедово” тадобири амниятиро дар фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳану автобус ва иншооти давлатии Тоҷикистон низ тақвият додаанд.
XS
SM
MD
LG