Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони ироқӣ мошинҳои зирейпӯш хостаанд


Вакилони парлумони Ироқ аз давлат хостаанд, ки ба далоили амниятӣ онҳоро бо мошинҳои зиреҳпӯш таъмин кунад.
Ба чунин дархост 191 узви парлумони Ироқ имзо кардааст.
Вакилон мегӯянд, нигарони амнияти худ ҳастанд. Феълан ҳар вакили маҷлиси Ироқ 10 000 доллар маоши моҳона ва ҳамчунин барои иҷораи манзил ва масоили амниятӣ ҳар моҳ то 12 500 доллар ёрона мегирад.Ин дар ҳолест, ки маоши миёна дар Ироқ чизе дар ҳудуди 350 доллар баровард мешавад.
XS
SM
MD
LG