Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Австралия ва Ҷопон - дар даври ниҳоии Ҷоми осиё


Тимҳои миллии Ҷопону Австралия ба даври ниҳоии Ҷоми футболи Осиё роҳ ёфтанд. Австралия дар даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё дар Доҳа, пойтахти Қатар, тими Узбакистонро бо ҳисоби бузурги 6:0 шикаст дод. Мураббии тими Узбакистон Вадим Абрамов аз мухлисон барои чунин бозии бади дастааш даро даври ниманиҳоӣ маъзарат хостааст.
Бозии дуввуми ин давр байни Ҷопону Кореяи ҷанубӣ бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом ёфт, вале дар силсилаи зарбаҳои 11-метрӣ бахт ба рӯи ҷопониҳо хандид ва онҳо ба дарвозаи ҳамсояҳои худ аз Кореяи ҷанубӣ 3 тӯби беҷавоб заданд.
XS
SM
MD
LG