Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тасвиби паймони миёни Амрикову Русия дар Дума


Палатаи поёнии порлумони Русия дар қироати саввум ва ниҳоӣ, паймони ин кишвар бо Амрико дар мавриди коҳиши силоҳҳои атомиро тасвиб кард. Дар раъйдиҳии имрӯза дар Думаи Давлатии Русия, 350 нафар раъйи мувофиқ ва 96 вакил раъйи мухолиф ва як нафар раъйи мумтанеъ додааст. Паймони нави стротежии коҳиши силоҳҳои атомӣ, аз Русия ва Амрико мехоҳад, то 7 соли оянда теъдоди мушакҳои фаъоли атомиашонро то 1550 адад коҳиш диҳанд. Тасвиби ниҳоии паймон дар палатаи болоии Дума сурат мегирад. Мӯҳлати эътибори аҳдномаи пешин миёни ду кишвар, ки соли 1991 имзо шуд, моҳи декабри соли 2009 ба поён расид. Сенати Амрико паймони навро моҳи декабри соли гузашта тасвиб кард.
XS
SM
MD
LG