Пайвандҳои дастрасӣ

Коршиноси тоҷик пас аз изҳороташ дар бораи вогузории як қитъа аз замини кишвар ба Чин дубора “қаҳрамон”-и расонаҳо шуд.

Раиси Маркази пажӯҳишҳои стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буд, ки “Тоҷикистон бо додани як пора аз замини худ дар ихтиёри Чин аз дарди сари бузурге раҳо ёфтааст”. Чаро Сӯҳроб Шарифов бар ин назар аст, ки агар пораи хоки Тоҷикистон ба Чин дода намешуд, оё кишвар ба хатар мувоҷеҳ мегашт?

“Агар заминро намедодем, оромӣ намешуд?”

Ҷавоб: Додани як порчаи ҳатто хурди замин боис ба ошӯбу ҷангҳои калоне шудааст ва ба ин таърих шоҳид аст. Мушкилии марзии мо бо Чин ҷиддӣ аст. Мо бояд аз баъзе таҳдидҳои ноаёну намоёни замони Шӯравӣ ва баъд аз он ки вуҷуд доранд, раҳо шавем. Яке аз ин гуна мушкилот баҳсу
Якеаш мегӯяд нони муаллим ҳаром, дигаре мегӯяд нони раққоса ҳаром. Онҳо кӣ ҳастанд, ки онрову инро ҳаром ва кофир бигӯянд?..
мунозираҳои сарҳадӣ аст. Вақте мо мустақил шудем, ин мушкилиҳо бароямон мерос монданд.

Вақте ки Чин эрод ва эътирози худро дар масъалаи сарҳад баён кард, ҳама қабул карданд. Он вақт як Тоҷикистон набуд, балки Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия низ пешниҳодро пазируфтанд, чизе нагуфтанд.
Имрӯз академик Раҳим Масов мегӯяд, ки имзо накард. Хуб, шумо олимед, имзо накардед, вале чаро мегӯед, ки ин кори нодуруст буд. Магар намедонистанд, ки чӣ гуна фишорҳо буд, дар ҳоле ки он кас узви комиссия буданд.

Намегӯям, ки ин давлатҳо аз бозиҳои худ даст кашидаанд. Ба ҳар сурат, Тоҷикистон имрӯз тавон ва нерӯи кофӣ дорад. Мушкилоти сепаратизм дар дохил аз байн рафт. Ва тарзи муносибати он давлатҳо ҳам хоҳед нахоҳед, дигар шудааст. Ҳоло мо давлати мустақил ва соҳиби ваҳдату субот ҳастем ва метавонем садоямонро баланд кунем. Ҳатто агар гӯш ҳам накунанд ҳам, вале ба назар мегиранд.

Русия дуввуним ҷазираашро дод. Қазоқистон 987 километри мураббаъ аз як созишнома ва беш аз 1000 километри мураббаъ аз созишномаи дигар дод. Ҳама ин корро карданд. Қирғизистон низ. Зеро ин хатари ҷиддӣ ба амният ва сулҳу суботи давлат ҳисоб меёфт. Ҳам Русия ва ҳам Қазоқистон инро ҳис карданд. Тоҷикистон бояд инро ҳис мекард. Мо агар ин корро накунем дар оянда дар Тоҷикистон оромӣ нахоҳад буд. Дар зери фишори доимӣ мо зиндагӣ карда наметавонем. Ин гуна зиндагӣ нодуруст аст.

“Ислом ҳастии мост”

Суол: Ба назари Шумо ҷомеаи Тоҷикистон исломӣ шавад, мардум ба ислому мусалмонӣ бештар рӯ оваранд, хатарзо аст?

Ҷавоб:
Не. Ин хатар надорад. Ин дигар масъала аст. Дар бораи исломишавии мардум ва ё рушди равандҳои исломишавӣ дар Тоҷикистон бояд бигӯям, ки ин ҷо ягон ҷараёни ғайриоддӣ рух надодааст. Мо давлати дунявӣ ҳам бошем, дар чаҳорчӯбаи тамаддуни исломӣ ҳастем. Ислом ҳастии мост. Мо наметавонем худро нест кунем. Махсусан, ки даҳҳо сол таҳти таъсири атеизм монда будем. Вале ба ҳар сурат, ин масъала дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ вижагии худро дошт. Барои мисол, шумори коммунистони намозхон хеле зиёд буд. Ҳол он ки ин тавр мумкин набуд. Коммунист бояд атеист мебуд. Лекин деҳқонро касе маҷбур намекард, ки салаву ҷомаатро кашу намоз нахон.

Амакҳои ман ҳамаашон аз совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Вахш ҳастанд. Он ҷое, ки аксарияти кул намозу рӯзаро тарк накарда, метавон гуфт, ки аз пойгоҳҳои асосии мухолифини мазҳабӣ ба шумор мерафт. Онҳо ҳамчун мусулмон таҳқиру фишорро ҳис намекарданд. То он вақте ки талабҳои сиёсӣ ва амбитсияҳои сиёсӣ пайдо нашуд.

Имрӯз мо давлати озоду мустақилем. Мардум баъд аз ин ҳама ташнаи дин, ташнаи маънавиёт, ташнаи ёфтани худ: яъне, мо кӣ ҳастем, чӣ ҳастем, аст. Сад тоҷик агар бигӯяд, ки атеист аст, вале чун ғарб рафт, мегӯянд, ки мусулмон аст. Барои онҳо мо мусулмон ҳастем. Онҳо моро ҳамин тавр қабул мекунанд, дигар хел пазируфта наметавонанд. Ислом яке аз асос ва таҳкурсиҳои фарҳангу маданияти тоҷикон аст ва ин ҷараён ғайримуқаррарӣ нест. Таърихӣ аст.

“Кӣ ҳақ додааст, ки ҳамаро ҳарому кофир гӯянд?”

Суол: Вале фикр мекунед, ноболиғон дар назди имом-хатибон, ки онҳо низ бо мувофиқати мақомоти ҳокимияти иҷроия ин масъулиятро соҳиб шудаанд, таълим бигиранд, хатар дорад?

Ҷавоб: Хатар дорад. Зеро имом-хатибони мо, бештарашон мавқеи худро дар ҷамъият намедонанд.Аксарияти онҳо маълумоти олии динӣ надоранд. Онҳо дар назди муллоҳову домуллоҳо ва дар таҳхонаҳои замони Шӯравӣ хондаанд ва ҳуҷҷат ҳам надоранд. Аз тарафи дигар, ҷаҳонбинии онҳо танг
Агар Раҳмон Роғунро созад, ҳамаи гуноҳу камбудиҳо дар назди таърих бартараф хоҳад шуд...
аст. Шумо ва ё мисол як намоянда аз Ҳизби наҳзати исломӣ, агар онҳо худро донишманди ислом мегирифта бошанд, дар ҷараёни кори комиссияи атестатсионии имом-хатибҳо иштирок мекардед, медидед, ки онҳо воқеан чӣ донишу савод доранд. Ин элита аз ҷиҳати ҷаҳонбинӣ, аз ҷиҳати фаҳмиши геополитика, таърих, сиёсати дохилӣ, низоъҳо ва ғайраҳо мавқеи хоси худро дорад. Барои намуна, масъаларо эшони фалонӣ ин тавр мефаҳмад, мулло фалонӣ таври дигар мефаҳмад.

Ҳар кадоме фаҳмиши худро дар масҷид дар тафаккури мардум ҷо мекунанд. Якеаш мегӯяд нони муаллим ҳаром, дигаре мегӯяд нони раққоса ҳаром. Охир, онҳо ҳақ надоранд, ки чунин ҳарфҳоро бигӯянд. Онҳо кӣ ҳастанд, ки онрову инро ҳаром ва кофир бигӯянд? Мо бояд элитаи диниро аз сари нав эҳё кунем. Мо бояд элитаи исломие пайдо кунем, ки ватандӯст бошанд. Масалан чун зиёиёнамон, ки, албатта, зиддиятҳои дохилӣ доранд, вале дар масъалаи якпорчагии давлат, ягонагии миллат мавқеи аксарияташ як аст. Дар уламои динӣ ин гуна тафаккур вуҷуд надорад. То он даме, ки элитаи рӯҳонии мо пайдо нашавад, новобаста ба он ки имрӯз президент Раҳмон аст, фардо каси дигар мешавад, ҷамъияти мо мисли паллаи тарозу гоҳ ба ин тараф ва гоҳ он тараф мешавад. Дар ҳоле ки ҷомеа бояд устувор бошад.

“Ҳодисаҳои Тунис асар мекунад?”

Суол: Он таҳаввулоти ахир, ки дар Тунис ба вуқӯъ пайваст, метавонад ба Тоҷикистон таъсир кунад? Чун бархе аз коршиносон мегӯянд, ки хеле аз авомили он иттифоқот дар Тоҷикистон низ мушоҳида мешавад?

Ҷавоб: Тунис аз давлатҳои мусулмониест, ки метавон гуфт низоми сиёсии бад надошт. Шумо мегӯед, ки ин ҳодисаҳо ба Тоҷикистон асар мекунад ё не? Мекунад, чаро не? Мо ки аз осмон нафуромадаем. Ё ин ки Назарбоев аз осмон фуромад, ё Каримов, ё Раҳмон аз осмон фуромаданд? Инҳо фарзандони ҳамин сарзамин ҳастанд, замини собиқ Шӯравӣ ҳастанд, тафаккуру андешаи ин чизҳоро доранд. Ва мо мегӯем, ки онҳо фикру андешаи халқу миллатро кунанд. Онҳо худашон низ ин чизро мефаҳманду мегӯянд. Ман сад дарсад бовар дорам, ки президенти мо манофеи миллиро комилан дарк ва дифоъ мекунад.

Бидуни таъриф ва муболиға мегӯям, ки то он замоне ин приниспҳои корӣ вуҷуд дорад, ба ӯ хизмат мекунам. Ва баъдан низ, баъд аз Раҳмон ҳам агар ки зарур бошад, дар доираи ҳамин принсип кор мекунам. Чун манофеи миллат ва давлатро метавонад ҳимоя кунад мо низ ба ин давлату миллат
Магар Ҳасан Асадуллозода бизнесмен ё менеҷери бад аст? Не. Лекин дар инҷо як чиз аст. Меъёр. Аз ҷумла дар бизнес ҳам. Ин аз ман, вай аз ман, ин аз ман...
хизмат мекунем. Инҷо мехоҳам як чизро бигӯям. Принсипҳои давлатсозӣ дар фаҳмиши элитаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ гуна аст? Бубинед Назарбоевро, ки чи гуна аз як тараф ба дигар тараф мекашанд. Гоҳ демократитарин президент ва рӯ ба Ғарб аст, вале боз мебинед, ки гоҳҳо аз шоҳҳои кишварҳои арабӣ ҳам мегузаронад.

Мо таҷрибаи талх дорем. Онеро, ки қирғизҳо ҳоло аз сар гузарониданд. Митингу эътирозҳо, ки дар ниҳоят ба хунрезӣ овард. Мо дар як муддати кӯтоҳ беш аз 100 ҳазор нафар талафот додем. Миллат қисмат шуд, хатарҳои зиёде таҳдид мекард. Аммо оё мо метавонем имрӯз мисле, ки дар Ғарб роиҷ аст, митингҳо кунем? Як миллион ҳам, ки дар хиёбон рехт, бидуни хушунат поён меёбад. Фарҳанги таҳаммулпазирӣ, фарҳанги демократӣ бояд дар хунамон ҷо дошта бошад. Мо ба ин марҳала шояд дар соли 2070 бирасем.

“Метавонад дар интихоботи 2013 иштирок кунад”

Суол: Шумо гуфтед, ки агар зарур бошад баъд аз Раҳмон ҳам кор мекунед, вале баъд аз Раҳмонро кай тасаввур мекунед?

Ҷавоб: Аввал ин ки бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ Эмомалӣ Раҳмон метавонад дар интихоботи соли 2013 номзадии худро пешниҳод кунад, аммо мо ҳоло намедонем, вале ба эҳтимоли зиёд пешниҳод мешавад. Аз се масъалаи умда ва стратегие, ки ҳукумати имрӯза пешниҳод кардааст:-ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти ғизоӣ. Агар ки Раҳмон Роғунро созад ҳамаи гуноҳу камбудиҳо дар назди таърих бартараф хоҳад шуд. Роғун муносибат бо Тоҷикистон ва умуман фазои сиёсии минтақаро иваз мекунад. Як коршиноси беруна боре гуфт, ки шумо як кишвари кӯчакед ва ҳақ надоред, ки ба чунин бартарӣ ноил шавед. Чӣ магар Қатар хурд нест? Ҳаққи табиии худро соҳиб шудан магар бад аст?

“Президент бисёр чизҳоро намегӯяд”

Суол: Фикр мекунед, ки нафари дигар ояд аз баҳри сохтмони Роғун хоҳад гузашт ва ё ин кор танҳо ба ҷаноби президент марбут аст?

Ҷавоб: Ман фикр мекунам, Роғун дар он сурат сохта мешавад, ки монанди Раҳмон бояд истодагарӣ ва мавқеи сиёсӣ дошт ва аз манфиати миллии мо ҳимоят кард. Он фишорҳое, ки дар заминаи сохтмони Роғун болои Раҳмон меояд, Худо медонаду худаш. Бисёр чизҳоро ӯ намегӯяд. Бисёре аз сиёсатмадорҳо дар зери ин фишорҳо шикаста хоҳанд шуд.

Суол: Гуфтед, ки агар Роғун сохта шавад аз ҳама камбудиҳо сарфи назар мебояд кард. Ба унвони як коршинос ва як муҳаққиқ метавонед, бигӯед, ки имрӯз ҷаноби Раҳмон чӣ камбудӣ дорад?

Ҷавоб: Ҷаноби президент камбудӣ дорад. Ӯ инсон аст. Ман фикр мекунам он кас камтар суст ҳастанд ба муҷозоти онҳое, ки фасодкорӣ мекунанд. Раиси ҷумҳур бисёр одами меҳрубон аст. Гоҳо ҳамин хислаташон дар
Ман муқобили пулакӣ шудани роҳ набудам. Ман муқобили ба ширкати хусусӣ додани ин роҳ будам...
корашон таъсир мегузорад. Мо барои мисол медонем муносибати ӯ бо оппозитсия чӣ гуна аст. Аз ҷумла, марҳум Нуриро бисёр ёрдам кардаанд. Меҳрубонии ӯ беканор аст. Фикр мекунам, ки ҳамин хислати меҳрубонии он кас нисбат ба фасодкорҳову дуздҳо аст, ки корҳои ношоиста карда имиҷу обрӯи давлату миллатро паст мезананд.

“Ҳасан Асадуллозода менеҷери бад аст?”

Суол: Онҳое, ки сиёсати имрӯзаро танқид мекунанд, мегӯянд, ки яке аз камбудиҳои ҳукумати имрӯза ҷалби бештари ҳаммаҳалҳову наздикони Раҳмон ба корҳои давлатист ва ин боис шудааст, ки фасодкорӣ рушд кунад...

Ҷавоб: Ман ин чизҳоро инкор намекунам. Президент мӯҳтоҷи ҳимояти ман нест. Президент ва худаш ягон вақт ҷавоб мегӯяд. Дида истодааст, ки дар гирду атроф чи гуна корҳо мешавад, дар ин ё он давлат. Пеш аз ҳама ҳамон хешу табору ақрабову ҳамон фарзандони президент дар ин бора фикр кунанд. Худашон фикр кунанд. Тоҷик мардум аҷоиб мардум аст. Вақте назди ягон вазир ё ягон раиси ноҳия писар ё ягон хешу табори президент меояд, ман инро ба унвони мисол мегӯям, намепурсад, ки падарат иҷозат дод ё иҷозат надод, аз омадани ту хабар дорад ё надорад. Ҳамаи неъматҳои ҷаҳон, ҳамаи эҳтиромро ба ҷо меораду ба ҷойи як даҳ медиҳад. Ҳол он ки намедонад, ки президент ин корро медонад ё намедонад.

Ин хислати мо аст. Кадомашро нагирем, ҷавон ё пир фарқ надорад, ҳамин гуна қабул мекунад хешу табори сарватмандонро. Ё худ масъалаи маҳалгароиро мегирем. Тарафҳои манфӣ ва мусбат дорад. Манфиаш дар он аст, ки ба корҳои давлатдорӣ омезиш пайдо кунад. Вале дӯст доштани маҳал бадӣ надорад. Аммо аз рӯи меъёри касбият ва тахассус ба кор бигиранд, дигар асту аз рӯи хешу таборӣ чизи дигар. Ба ҳар сурат давоми як–ду сол ин гуна афрод маълум мешавад, ки истеъдоди роҳбарӣ дорад ё на. Мисол гирем раиси «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозодаро, ки хеши президент аст ё муовини вазири корҳои хориҷӣ духтари президент аст.

Магар Ҳасан Асадуллозода бизнесмен ё менеҷери бад аст? Не. Лекин дар инҷо як чиз аст. Меъёр. Аз ҷумла дар бизнес ҳам. Ин аз ман, вай аз ман, ин аз ман. Ин хел беохир гуфтан даркор не. Мумкин нест. Меъёр муайян аст. Ин агар бизнеси туст, инро анҷом деҳ. Дигарашро дигар, дуввумашро дуюм, сеюмашро сеюм, чорумашро нафари чорум мекунад. Миллат ва давлат калон аст. Нафс мекушад одамро! Лекин дар системаи давлатӣ, хуб, духтарашон кор мекунад. Лекин ҳеҷ таъсир намекунад. Аз ҷиҳати касбият хуб аст.

"Оппозитсия ҳамаи мардум нест"

Суол: Вале ба ҳар сурат ҳокимият, ки бо чунин шева давом кард ва роҳбарии як нафар ба дарозо кашид ва наврасу кӯдакони онҳо дар ин миён бузург мешаванду ба ҳокимият кашида хоҳанд шуд, фикр намекунед, ки дигар ҳама вазорату идораҳо аз хешу таборҳо ташкил мешавад?

Ҷавоб: Не. Ин тавр фикр намекунам. Шумо ин ҷо, абсолютизатсия мегӯянд дар илм, ҳамаашро ба як тараф мебаред, ба дараҷаи мутлақ оварда мерасонед, ки ба фикри ман, нодуруст аст. Ҷамъияти мо камбудӣ дорад. Бояд фикр кунем, ҳукумат, давлат оппозитсия, хуллас, ҳамаи ҷамъият фикр кунем. Мо бояд биандешем, ки мардуми мо чӣ фикр дорад? Оппозитсия ин ҳамаи мардум нест, як қисми хурд аст. Лекин ин элита контр-элитаи сиёсӣ мебошад. Дар низоми демократӣ давлатро элита ва контрэлита идора мекунад. Бозӣ дар байни ин ду қишри асосӣ аст. Мо бояд қонуне қабул кунем, ки мансабдорро аз принсипҳои хешутаборбозӣ ҷудо кунад. То дараҷае, ки хешу табор нараванд наздаш. Агар ки мо мехоҳем ин анъанаҳоро шиканем, фикр бояд кард.

"Мақсади ҳукумат фаромӯш шуд"

Суол: Вақте ки роҳи Душанбе-Хуҷанд пулакӣ шуд, Шумо муқобили он сухан кардед, вале ҳарфи шуморо касе гӯш накард?

Ҷавоб: Ман муқобили пулакӣ шудани роҳ набудам. Ман муқобили ба ширкати хусусӣ додани ин роҳ будам. Зеро фикр мекунам, ки ин ба муқобили принсипҳои асосии сиёсати ҳукумат равона шудааст. Мақсади асосии ҳукумат аз он иборат аст, ки сатҳи зиндагии мардум баланд бардошта шавад. Вақте сохторҳои марбута ин гуна қарор қабул карданд, фикр мекунам, онҳо ин мақсади асосии ҳукуматро фаромӯш карданд.

Роҳ пулакӣ шавад, вале чаро ширкати шахсӣ, на давлатӣ онро назорат кунад? Дигар ин ки ин амал сатҳи зиндагии мардумро поин мекунад. Сеюм аз ҷиҳати амниятӣ ин кор хеле хатари ҷиддӣ дорад. Як ширкати хурди номаълум як роҳи стратегиро зери назорат мегирад.
Сӯҳроб Шарифов, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ. Мактаби миёнаро дар Душанбе ва донишгоҳро дар Маскав ба итмом расонидааст. Рисолаи номзадиро дар соли 1993 дар Маскав ва докториро баъдан дар Душанбе дифоъ кардааст. То соли 1998 дар Маскав кору зиндагӣ мекард. Дар ташкили нахустин маркази фарҳангии тоҷикон бо номи "Суғдиён" дар авохири солҳои ҳаштодум дар Маскав ширкат кардааст. Сипас, ба Душанбе даъват мешавад.

Чанд муддат дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ба ҳайси мудири шӯъба кор карда ва баъдан дар дастгоҳи иҷрояи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият мепардозад. Қабл аз ба ин мақом таъйин шудан ба ҳайси ёвари раиси ҷумҳур кор кардааст. Ду маротиба оила барпо карда, аз оилаи нахустинаш ду фарзанд дорад. Бо хонуми дуввумаш низ соҳиби ду фарзанд шудааст. Ба варзиш машғул аст, бозии шоҳмотро дӯст медорад, номзад ба устоди варзиш дар риштаи муштзанӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG