Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Миллиардери лубнонӣ нахуствазири кишвараш шуд


Раиси ҷумҳури Лубнон, Наҷиб Миқотӣ, номзади пешниҳодии гурӯҳи тундрави Ҳизбуллоҳи Лубнонро нахуствазир таъйин кард. Мишел Сулаймон, имрӯз аз Наҷиб Миқотӣ, миллиардери лубнонӣ, ки роҳи сиёсатро пеш гирифтааст, хост, ҳукумати ояндаи Лубнонро таъсис диҳад. Баъди таъйинаш ба мақоми нахуствазир Миқотӣ эълом кард, ки гуфтӯгуҳо барои ташкили ҳукумати нави Лубнонро аз рӯзи панҷшанбе шурӯъ хоҳад кард ва аз тамоми ҷиноҳҳои сиёсии Лубнон хост, ихтилофоти назарҳояшонро рафъ кунанд. Саъд Ҳарирӣ, нахуствазири муваққат қаблан гуфтааст, ки ба ҳукумати таҳти назорати Ҳизбуллоҳ намепайвандад. Гурӯҳи шиъамазҳаби Ҳизбуллоҳ моҳи январ бо тарки ҳукумати эътилофии Саъд Ҳарирӣ сабаби пароканда шудани он ҳукумат шуд. Таъйини Наҷиб Миқотӣ ба мақоми нахуствазир сабаби эътирозҳои густурда дар Лубнон шуд.
XS
SM
MD
LG