Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомот мегӯянд, дар соли гузашта наздик ба 320 миллион доллар сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир 63 лоиҳаи инвеститсионӣ дар дасти иҷро қарор дорад ва дар соли гузашта наздик ба 320 миллион доллар сармояҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Давлаталӣ Саидов, раиси ин кумита дар ин бора гуфт: "Соли сипаришуда ҷалби сармояҳои хориҷӣ 320 миллион доллар буд, вале ин маълумот пурра нест. Мутаассифона, мо арқоми воқеиро дар даст надорем. Ахиран раисиҷумҳур дар иҷлоси ҷамъбастии сол аз ин интиқод кард ва супориш шуд, ки арқоми воқеӣ ироа шавад. Мо барои иҷрои ин супориш гурӯҳи корӣ ташкил кардем."

Ба гуфтаи ҷаноби Саидов, дар соли гузашта 27 лоиҳаи инвеститсионӣ тасвиб шудааст ва дар бораи иҷрои ин барномаҳо, ки дар маҷмӯъ ҳудуди 559,7 миллион долларро ташкил медиҳад, қарордодҳо имзо шудааст.

Вай гуфт, ки аз ин ҳисоб 334,2 миллион доллараш қарз аст ва 225,5 миллион доллари дигараш грант ё кӯмакҳои билоивази хориҷиро ташкил медиҳад, ки калонтарин барномаи инвеститсионии он сохтмон ва навсозии роҳи Душанбе-Турсунзода то марзи Узбакистон аст.

20-уми январи соли ҷорӣ қарордоди грантӣ ба маблағи 120 миллион доллар миёни вазорати молия ва Бонки Осиёии Рушд дар навсозии роҳи Душанбе-Турсунзода имзо шуд.

Ин тарҳ бояд 30-юми январи соли 2015 иҷро шавад. Давлати Тоҷикистон барои иҷрои ин тарҳ 34,4 миллион доллар ихтисос додааст, ки дар маҷмӯъ бо грантҳо 154,3 миллион долларро ташкил медиҳад.

Олим Бобоев, вазири нақлиёт ва алоқаи Тоҷикистон, дар бораи омодагӣ ба навсозии ин роҳ гуфт: "Асноди тендерӣ барои интихоби пудратчӣ омода шудааст. Дар рӯзҳои наздик тендер ва ё музояда эълон карда хоҳад шуд. Ин роҳ аз баромади шаҳри Душанбе то Турсунзода аз нав таҷдид ва навсозӣ хоҳад шуд."

Ҷоҷи Токешӣ, намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон замони имзои қарордод дар бораи ироаи грант дар сохтмони ин роҳ гуфт, ҳадаф аз навсозии ин роҳ таъмиру навсозии пулҳо ва қубурҳои обгузар, сохтмони пайроҳаҳои канори роҳ дар деҳаҳо, сохтмони нуқтаҳои савдои сарироҳӣ барои ба тиҷорат ҷалб кардани занон аст.

Ба гуфтаи вай, ин тарҳ сохтмони коридори 57-километриро дар навоҳии Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзодаро низ дар бар дорад. Вай гуфт, сохтмони ин коридор, ки 7 ҳазор километр тӯл дораду Русияро тавассути Осиёи Марказӣ дар ҷануб бо Халиҷи Форс мепайвандад, як бахши барномаи ҳамкориҳои минтақавии Осиёи Марказӣ ё ЦАРЭС аст.

Роҳи Душанбе-Турсунзода тавассути ноҳияи Рӯдакӣ бароҳи Душанбе Қӯрғонтеппа ва Дӯстӣ-Панҷи Поён ба Афғонистон муттасил мешавад, ки дар рушди иқтисоди ҷумҳурӣ ва коҳиши бекориву мизони камбизоатӣ нақши муҳимро ифо хоҳад кард.

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар сохтмони ин роҳ ҳамчунин қарор аст, бо Бонки Европоии Таҷдид ва Тавсеа низ қарордод барои гирифтани қарзи 27 миллион долларӣ имзо шавад.

Агар ин қарордод ба имзо бирасад, дар маҷмӯъ, ҳазинаҳои навсозии ин роҳ 181,3 миллион долларро болиғ хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG