Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Медведев терроризмро ҷиддитарин таҳдид ба амнияти Русия хонд


Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия имрӯз терроризмро ҷиддитарин таҳдид ба амнияти кишвараш хонд. Ӯ ки дар иртибот ба бомбгузории хунин дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав сухан мегуфт, қавл дод, ки мақомот ҳар кори мумкинро мекунанд, то масъулони ин ҷиноятро ба пойи курсии муҳокима бикашанд: “Тамоми корро бояд кард, то роҳзанҳое, ки ин ҷиноятро карданд ташхис, ишфо ба додгоҳ супурда шаванд. Лонаҳои ин роҳзанҳо бояд нобуд карда шавад. “ Ӯ ҳамчунин афзуд, додситонии кулли Русия ва кумиссиёни таҳқиқотӣ, амалкарди мақомоти амниятии фурудгоҳи Домодедоворо таҳқиқ хоҳанд кард, ки натавонистанд монеъи вуруди бомбгузори маргталаб ба фурудгоҳ шаванд. Рӯзи гузашта бар асари бомбгузории интиҳорӣ дар фурудгоҳи Домодедово дасти кам 35 нафар кушта ва бештар аз 110 тани дигар захмӣ шуданд. То кунун касе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст, вале ғолибан онро кори дасти тундравон аз Қафқози Шимолӣ хоҳанд хонд.
XS
SM
MD
LG