Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мирхолиқ Бобоев, паҳлавони ҷавони тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии гуштии озод барои гиромидошти хотираи устоди варзиш Мушфиқ Исоев дар Озарбойҷон медали биринҷӣ ба даст овард.

Дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки дувоздаҳумин бор баргузор шуд, беш аз 120 варзишгари ҷавон аз Гурҷистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркия ва Узбакистон ширкат доштанд.

Ба иттилоъи Абдурозиқ Олимов, мураббии калони дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистон, Мирхолиқ Бобоев дар рақобатҳо дар вазни то 58 килограмм бар ду рақибаш аз Озарбойҷону Узбакистон дастболо шуд, вале дар даври баъдӣ аз намояндаи дигари тими мизбон мағлуб гашт. Ӯ барои ҷои саввум гуштигири Русияро шикаст дод.

Аз рӯи дараҷаи вазнҳо инҳо ғолиби мусобиқа шуданд: Вугар Алиев (Озарбойҷон, 42 кг), Владимир Кудрин (Қазоқистон, 46 кг), Мирҷалол Ҳасанзода (Озарбойҷон, 50 кг), Зокир Мансуров (Узбакистон, 54 кг), Элчин Мамедов (Озарбойҷон, 58 кг ), Музаффар Ризоев (Узбакистон, 63 кг), Ҳамзат Юсупов (Русия, 69 кг), Азамат Басаев (Русия, 76 кг), Азамат Гадисов (Русия, 85 кг) ва Гено Петриашвили (Гурҷистон, 100 кг).

Ба гуфтаи Абдурозиқ Олимов варзишгари ҷавони тоҷик Мирхолиқ Бобоев феълан дар мактаб-интернати варзишии Доғистон таҳсил менамояд. Ҳоло ӯ ба мусобиқаи байналмилалӣ, ки 10-уми феврал дар Австрия шурӯъ мешавад, омодагӣ мебинад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG