Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омодагии Ҳизбуллоҳ барои ташкили ҳукумати Лубнон


Гурӯҳи шиъамазҳаби Ҳизбуллоҳ дар Лубнон барои ташкили ҳукумати ояндаи ин кишвар омода мешавад, ки ин мояи эътирози суннимазҳабон ва тарафдорони нахуствазири муваққати феълии Лубнон шудааст. Қарор аст, имрӯз раиси ҷумҳури Лубнон аз Наҷиб Миқотӣ, вакили Ҳизбуллоҳ бихоҳад, то ҳукумати нави Лубнонро ташкил диҳад. Тарафдорони Саъд Ҳарирӣ, нахуствазири Лубнон, Миқотии суннимазҳабро “хоин” хонда ва ба тазоҳурот алайҳи пешбарии номзадии ӯ даъват кардаанд. Давлати Амрико гуфтааст, дар сурати нақши марказии Ҳизбуллоҳ дар ҳукумати Лубнон идомаи кӯмак ба Лубнон мушкил хоҳад шуд. Амрико Ҳизбуллоҳро, ки аз сӯи Эрон ҳимоят мешавад, созмони террористӣ медонад.
XS
SM
MD
LG