Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати даҳҳо ҳазор нафар дар маросими Арбаъин


Бо гузашти ду рӯз аз бомбгузорӣ, ки 12 зойири ироқиро кушт, имрӯз дар шаҳри Карбало маросими мазҳабии Арбаин ба авҷи аълои худ мерасад. Ин бомбгузорӣ бо вуҷуди сафарбар кардани 120 ҳазор корманди пулис барои таъмини амнияти ин маросим ба вуқӯъ пайваст. Маросими Арбаин, сӯгворӣ бар марги Ҳусайн набераи Ҳазрасти Муҳаммад аст, ки даҳҳо ҳазор нафар дар он ширкат мекунанд. Дар гузашта суннимазҳабони гурӯҳи Ал-Қоида ин маросимро борҳо ҳадаф гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG