Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамдиди боздошти раиси Ҳизби исломии Озарбойҷон


Додгоҳи Озарбойҷон, амр додааст, то раиси ҳизби исломии ғайрирасмии Озарбойҷонро то замони таҳқиқи парвандаи ҷиноиаш се моҳ дар боздошт нигаҳ дошта шавад. Мавсум Самадовро, мақомоти интизомӣ ба ҳифзи ғайриқонунии силоҳ, ташвиқи терроризм ва талош барои тағйири ҳукумати қонунӣ муттаҳам мекунанд. Ӯро рӯзи 7 январ бо чанд узви дигари ҳизб боздошт карданд. Ҳомиёни ҳуқуқ боздошти Мавсум Самадовро дорои ангезаҳои сиёсӣ хонда ва ба як суханронии ӯ рабт додаанд, ки зимни он ҳукумати Озарбойҷонро фосид хонда ва қарори он барои манъи пӯшидани ҳиҷоб дар макотиби таҳсилоти ҳамагониро интиқод кардааст.
XS
SM
MD
LG