Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: Ғарб фишорро бо "муколама" иваз кардааст


Human Rights Watch, як созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар мегӯяд, бисёри кишварҳо ва ниҳодҳои ҷаҳонӣ ба кишварҳои поймолкунандаи ҳуқуқи инсон ба қадри кофӣ фишор намеоранд, то ба озодиҳои инсонӣ эҳтиром гузоранд.
Ин созмон дар гузориши 21-уми солонааш аз кишварҳои зиёд, аз ҷумла аз ИА, интиқод кард, ки фишор бо талаби эҳтиром ба ҳуқуқи башарро бо таъбирҳое, чун “муколама” ва “ҳамкорӣ” иваз кардаанд. HRW аз ҷумла чунин бархӯрдро дар намунаи муносиботи Ғарб бо Чину Узбакистон ва Туркманистон мисол овардааст.
XS
SM
MD
LG