Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии парлумони Лубнон аз номзади Ҳизбуллоҳ


Номзади Ҳизбуллоҳ ва муттаҳидинаш ба мақоми сарвазирии Лубнон пуштибонии аксарияти парлумонро ба даст овард. Наҷиб Миқотӣ, миллиардери суннимазҳабест, ки дар ҷараёни музокирот бо раисиҷумҳури ин кишвари Ховари Миёна Мишел Сулаймон ба мақоми раҳбарии кобина пешбарӣ шуд.
Ду ҳафта пеш Ҳизбуллоҳ, ташаккули сиёсии шиъаҳои Лубнон, ки аз сӯи Эрон ҳимоят мешавад, ҳамроҳи муттаҳидинаш кобинаи ғарбгарои Саъд Ҳаририро барандохт. Эътирозҳо дар манотиқи суннинишин алакай рӯ зада, онҳо ба нишони изҳори мухолифати худ ба “ҳукмравоии Форс” бар Лубнон 25 январро “рӯзи ғазаб” эълон кардаанд.
XS
SM
MD
LG