Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидорҳои муҳими Каримов дар Брюссел


Раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дирӯз дар Брюссел бо раҳбарони ИА ва НАТО музокирот дошт. Ӯ бо раиси Куммиссиюни Аврупо Жозе Баррозо ва дабири кулли НАТО Андерс Фоғ Расмуссен мулоқот кардааст. Дафтари Баррозо бидуни овардани ҷузъиёт аз имзо шудани як ёддошти тафоҳум дар масоили энержӣ хабар дод. Бино ба ин манбаъ, Баррозо аз вазъи ҳуқуқи башар ва озодиҳои аслӣ дар Узбакистон низ дар гуфтугӯ бо Каримов изҳори нигаронӣ кардааст.
Ҳомиёни ҳуқуқи башар тасмими мақомоти аршади Аврупо барои дидор бо раҳбари худкомаи Узбакистонро ба боди интиқод кашида, мегӯянд, давлати Каримов аз лиҳози нақзи ҳуқуқи башар дар пойинтарин зинаҳои раддабандиҳои байналмилалӣ қарор дорад.
XS
SM
MD
LG