Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

НАТО тасмимашро моҳи март эълон хоҳад кард


Паймони низомии НАТО гуфт, тасмимаш дар мавриди он вилоёти Афғонистонро, ки масъулияти амният ба мақомоти маҳаллӣ таҳвил хоҳад шуд, дар моҳи март эълон мекунад. Дабири кулли НАТО Андерс Фоғ Расмуссен гуфт, интизор дорад, ин раванд вобаста ба вазъу шароит дар ҳамин баҳор оғоз шавад.
НАТО, ки фармондеҳии нирӯҳои эътилофро дар Афғонистон бар ӯҳда дорад, дар соли гузашта бо пешниҳоди Кобул ҷиҳати шурӯъи раванди таҳвили масъулияти набард алайҳи чирикиҳо дар нимаи аввали соли 2011 розӣ шуд, вале кадом таърихи мушаххасе барои ин то ҳол эълон нашудааст.
XS
SM
MD
LG