Пайвандҳои дастрасӣ

Заминларзаи шадид дар Помири шарқӣ


Бино ба хабарҳо, субҳи 24 январ, соати тақрибан 7-45 ба вақти маҳаллӣ як заминларзаи шадид бистари хоки Тоҷикистонро таккон додааст. Маркази зилзиланигории Душанбе шиддати зилзиларо дар марказаш дар шарқи Помир, 362-километрии пойтахт, 5,8 балл баровард мекунад. Аммо Маркази геологии Амрико қаблан шиддати ин заминларзаро дар кӯҳистони Помир тибқи ҷадвали Рихтер 6,1 балл ҳисоб карда буд.
Дар бораи кадом хисороти ин офати табиӣ гузориш нашудааст, вале шиддати заминларзаро мардум ддар Хоруғу Ҳоит ва ҳатто дар Душанбе эҳсос кардаанд. Ҳамасола дар ҳудуди Тоҷикистон то 2 000 заминларза сабт мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG