Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вулусӣ Ҷирга фардо ба кор шурӯъ хоҳад кард


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай гуфт, иҷлоси нахустини парлумони ҷадиди кишварашро рӯзи чоршанбе, 26 январ ифтитоҳ хоҳад кард. Ин иқдом ба хотири поён додан ба танишест, ки бо вакили ҷадиди Вулусӣ Ҷирга бархостааст.
Дафтари Карзай аммо гуфт, ки додгоҳи вижаи тахаллуфоти интихоботӣ ба баррасии шикоёти расида пиромуни интихоботи парлумонии моҳи сентябр идома хоҳад дод.
Ҳафтае пеш Карзай оғози кори парлумонро як моҳ ақиб андохт, то ин додгоҳ барои расидагӣ ба шикоёт фурсати кофӣ дошта бошад. Вакилони баранда дар посух гуфтанд, ки кори парлумонро ба сари худ оғоз хоҳанд кард. Онҳо додгоҳи интихоботиро муноқиз бо Қонуни асосӣ номида, аз Карзай хостаанд, ки онро барҳам диҳад.
XS
SM
MD
LG