Пайвандҳои дастрасӣ

Ду ҳамла дар Карбало дар арафаи Арбайн


Имрӯз садҳо ҳазор мусалмони шиъа барои ширкат дар авҷи маросими мазҳабии Арбайн ба шаҳри Карбалои Ироқ мерезанд. Арбайн аз поёни мотами 40-рӯза дар сӯгвории Имом Ҳусайн, набераи паёмбари Ислом Муҳаммад, дарак медиҳад.
Имом Ҳусайн, ки ҳанӯз дар асри 7 кушта шуд, як шахсияти асосӣ дар мазҳаби шиъа маҳсуб мешавад. Бовар меравад, ки ӯ дар Карбало хок шуда бошад.
Бо ин ҳол, дирӯз бар асари ду таркиши мошинҳои бомбгузоришуда дар Карбало дастикам 18 нафар кушта шуданд. Ҳамаи қурбониён зоирин будаанд.
XS
SM
MD
LG