Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IRS аз фаъолияти худ ҳимоят мекунад


Ширкати баҳсбарангези IRS барои ҳифзи ҳолати хуби роҳи «Душанбе-Чаноқ» таҷҳизоти нав ба кишвар ворид кардааст.

Қодир Саидов, мудири иҷроияи Маркази татбиқи тарҳи роҳи «Душанбе - Чаноқ» мегӯяд, ин ширкат барои харидани таҷҳизоти зарурӣ барои нигоҳубини роҳ 25 миллион доллар сарф кардааст.

Ҷаноби Саидов гуфт: «Ин ташкилот таҷҳизоти навтаринро барои нигоҳубини роҳ ворид кард, то убуру мурури мардум осонтар шавад. Рӯзҳои аввали боридани барф онҳо собит карданд, ки аз ӯҳдаи ин кор мебароянд».

IRS ё Innovative Road Solutions аввалин ширкати нигоҳубини роҳ дар Тоҷикистон аст, ки шурӯи фаъолияташ дар кишвар аз апрели соли гузашта эътирозҳои зиёдеро ба бор овард. Ҳайати пешинаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қарордоди мармузи ҳукумат бо ин ширкатро дар фазои ношаффофе ба тасвиб расонд ва ба ширкати хориҷӣ имтиёзҳои зиёдеро қоил шуд.

Фаъолияти ширкат эътирози Хадамоти зиддимонополии Тоҷикистон ва тазоҳуроти сокинони ноҳияи Варзобро ба вуҷуд овард. Кумиссюни давлатие, ки барои ҳалли баҳс созмон ёфта буд, нархномаҳо ва кори ширкати IRS-ро қонунӣ шумурд.

Дар ҳамин ҳол, ронандагони ин масир мегӯянд, аз нигоҳубини роҳ қаноатманд ҳастанд, аммо барояшон ҳанӯз ҳам муаммост, ки ба ҷуз роҳпулӣ чаро андози роҳ низ месупоранд.

Холиқназар, як ронанда мегӯяд: «Аз ронандагон роҳпулӣ мегиранд. Ба болои ин боз андози роҳ месупоранд. Мегӯянд, ки ин андоз барои таъмири роҳҳо харҷ мешавад, зеро сармоягузор нест. Пас ин пулҳо куҷо мераванд?

Низом Ҳакимов, раиси Маркази амалисозии тарҳҳои таҷдиди роҳҳои Тоҷикистон мегӯяд, маболиғи аз андози роҳ ба даст омада фақат барои роҳҳо харҷ намешаванд: «Ин маболиғ ба буҷа меравад ва дар дигар соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи иҷтимоӣ низ харҷ мешаванд.»

Сохтмони роҳҳо ба хотири раҳоӣ аз бунбасти нақлиётӣ яке аз авлавиятҳои сиёсиву иқтисодие ба шумор меоянд, ки мақомоти Тоҷикистон ҳамеша таъкид мекунанд. Аз ин хотир, ҳоло ин кишвар ба ҷониби Чину Афғонистон ва Қирғизистон тарҳҳои бузурги роҳҳоро рӯи даст гирифтааст.

Тибқи иттилои расмӣ, барои ин ҳадаф Тоҷикистон ба 3,5 миллиард доллар эҳтиёҷ дорад, ки то ба ҳол умдатан бо қарзҳои имтиёзнок ва аз ҳисоби кӯмакҳои созмонҳои молиявии хориҷӣ сохта мешаванд. Тарҳи бузургтарин роҳи «Душанбе - Чаноқ» бо қарзи Чин иҷро шудааст, ки шурӯъ аз соли равон бо 2 дарсади баҳра, то 20 соли дигар бояд пардохт шавад. Ахиран Бонки Осиёии Рушд низ барои таҷдиди роҳи Душанбе то марзи Узбакистон 120 миллион доллари амрикоӣ бурс тахсис дод.

Аммо нигарониҳои мардуми кишвар аз он аст, ки ин роҳҳо баъд аз навсозӣ пулакӣ хоҳанд шуд. Масъулони Маркази амалисозии тарҳҳои таҷдиди роҳҳои Тоҷикистон пулакӣ шудани ҳамаи роҳҳоро таъйид ва ё такзиб накарданд, аммо гуфтанд, ки ширкатҳои таъмири роҳҳо, аз ҷумла Innovative Road Solutions ё IRS масъулияти баргардонидани қарзи кишварро дар дӯш надоранд. Ба қавли онҳо, қарзи Тоҷикистон ба Чин аз ҳисоби буҷаи кишвар пардохт мешавад.

Матолиби дигар:

Мавҷи нави тазоҳурот алайҳи роҳи пулакӣ ва IRS
Ҷамолиддин Нуралиев: Ман молики IRS нестам
Ҳайати ҳукуматӣ: фаъолияти IRS қонунист
XS
SM
MD
LG