Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши Домодедово 35 нафар кушта шудаанд


Бар асари таркиш дар фурудгоҳи “Домодедово”-и шаҳри Маскав дасти кам 35 нафар кушта шудаанд. Гуфта мешавад, ки таркиш дар толори парвозҳои байнулмилалӣ ҳангоми гирифтани борҳо ба вуқӯъ пайвастааст. Дар бораи теъдоди қурбониёни ҳодиса то ҳол иттилоъи дақиқ нест.
Ба иттилоъи раёсати нақлиёти Кумитаи тафтишоти Русия, дар ин ҳодиса ду кас кушта ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд. Хабаргузории "Интерфакс" бошад дар бораи ҳалокати даҳ нафар ва захмӣ шудани бист тани дигар иттилоъ додааст. Чанд лаҳза пеш хабаргузории РИА Новости бо такя ба вазорати ҳифзи сиҳати Русия иттилоъ дод, ки бар асари таркиш 23 нафар кушта ва 130 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд. Бархе хабаргузориҳо теъдоди қурбониёнро 31 нафар гуфтаанд.
Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи тартиботи Русия гуфтааст, ки як маргталаб худро дар фурудгоҳ мунфаҷир кардааст.
XS
SM
MD
LG