Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Моҳи аввали соли 2011


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи солонаи ҳукумат. Душанбе, 18 январи соли 2011.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи солонаи ҳукумат. Душанбе, 18 январи соли 2011.

Хонандаи мо, Роҳгузар, шарҳи наве барои Блогистони Озодӣ фиристод, ки бо каме ихтисор мунташир мекунем. Агар Шумо ҳам чизе навишта бошед, лутфан, ба мо фиристед.

Роҳгузар, хонандаи торнамои "Озодӣ"

Аз гомҳои бардоштаи ҳукумат дар оғози соли нав чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки ҳукумат барои ислоҳ ва пӯшонидани иштибоҳҳои гузаштаи худ талоши зиёд дорад. Гомҳое, ки дар зарфи камтар аз як моҳ бардошта шудаанд, дар гузашта собиқае надоштаанд ва ҳатто касе дар ин маврид низ ҳадс назада буд.

Вале кадом омилҳо буданд, ки боиси ин барномаҳо шуданд? Чанде аз омилҳоеро, ки бештар ҳукуматро нигарон кардаанд, ба таври намуна инҷо ёдоварӣ мекунам.

Дар солҳои гузашта, ҳукумат чандон дар самти иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум ба таври бояду шояд аҳамият намедод. Хусусан, ба вазъияти муҳоҷирони корӣ дар хориҷи кишвар. Агар дар моҳе даҳҳо шаҳрванд дар хориҷи кишвар бераҳмона кушта мешуданд, ҳамаи онро ҳукумат нодида мегирифт.

Дар дохили кишвар адолати иҷтимоӣ дар як вазни баробар вуҷуд надорад. Пайи ҳам ҳуқуқи мардум тавассути баъзе мақомоти гуногун дар ҳар гӯшаву канори кишвар рӯйирост поймол мегардаду онҳо бо талошҳои зиёд ҳам наметавонанд додраси худро пайдо кунанд.

Аз дигар ҷониб, дастрасии гурӯҳи ҷавонон ба иттилооти интернетӣ ва ибрози назарҳои манфии онҳо нисбат ба сиёсати ҳукумат вобаста ба озодиҳои андеша ва виҷдон мебошад.

Ин рафтори ҳукумат боис шудaаст, ки чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар шаҳрвандон рӯз то рӯз дилзадагии худро аз рафтори ҳукумат ошкоро баён кунанд. Ҳатто ин дилсардӣ ва нобоварии мардум ва рӯй овардани шаҳрвандон хусусан ҷавонони кишвар ба сӯи дигар аҳзоби сиёси мухолифи давлатро бархе аз мансабдорони болоӣ, ҳамчун Сӯҳроб Шарифов, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, эътироф карда, вале онро бо вожаи дигаре «ҷаълӣ ё сунъӣ» меноманд.

Бархе аз вазирони дигари мо ба мисли вазири корҳои дохилӣ Абдураҳим Қаҳҳоров мутмаин нест, ки дигар мардум ба ҳарфи мақомот бовар мекунанд. Бино бар ин, вобаста ба вазъияти Рашт дар ҷамъи хабарнигорон мегӯяд, ки «агар бовар накунед, рафта аз мардуми он ҷо бипурсед».

Дар чанд ҳафтаи гузашта яку якбора аз як мантиқа ҳудуди 40 мансабдору вакили мардумии ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ аз тарафи додситони Хатлон ҷинояткор эълом гардидаанд ва ин шумор ҳам адади ниҳоӣ набуда,
бо ибрози назари баъзе аз коршиносон ин раванд дар ҳоли афзоиш аст.

Дар гузориши ҷаласаи солонаи ҳукумат додситони кулл дар мавриди хариду фурӯши замин дар баъзе ноҳияҳо ва ҷой доштани сӯистифода аз
мансаб аз ҷониби мақомоти шаҳру ноҳияҳо таъкид карда буд. Раиси Оҷонси зидди коррупсия низ фактҳои муҳимеро нашр кард.

Воқеан, ин хабар барои як ҳизбе, ки дар сари қудрат асту дар соле яке аз узви ҳизби мухолифашро бо яке аз ҷиноятҳо муттаҳам мекунаду пайдарҳам онро дар васоити ахбор намоиш медиҳад, бисёр як зарбаи бузурги шармовар мебошад. Вале ин ҷо суоле дар миён меояд, шахсоне, ки солҳост, дар вазифаҳояшон тағйири курсӣ намекунанд, оё онҳо ҳам аз зумраи ҳамон САДОҚАТМАНДОН мебошанд?

Ва яке аз дигар омилҳои дохилии такон хӯрдани ҲХДТ ин аст, ки бархе аз чеҳраҳои шинохтаи ин ҳизб, даст ба танқиду ошкорбаёнӣ зада, барои
татбиқи қонуни кишвар пофишорӣ кардаанд.

Ин «зилзила»-и дохилӣ то андозае ҳизби ҳокимро нигарон кардааст, ки бо заъфи тамоми сиёсатҳои дохилӣ, чи иқтисодию амниятӣ ва ё иҷтимоӣ, ҳукумат натавонист, ки имсол ба монанди солҳои гузашта тағйироти кадрии лозимро дар сатҳи боло ва дар маърази ом анҷом диҳад. Ҳатто коршиносони худи ҳукумат мӯътақиданд ва лозим медонистанд, ки дар якe аз самтҳои болоии ҳукумат тағйири кадрӣ сурат мегирад. Вале нигаронӣ аз ин такони дохилӣ то ҳадде буд, ки аз равияҳои «суннатӣ» кор гирифта нашуд.

Ба қавли рӯзномаи «Бизнес и политика» - «Ҷаласаи солона бе ягон сенсатсия пушти сар шуд». Инҳо ва чанд омили дигаре ҳаст, ки гомҳои нави ҳукуматро аз иштибоҳоти гузашта таъбир мекунанд. Яъне, як нерӯ наметавонад бо қуввае, ки дорад то охир дар як ҳолат ҳаракат кунад. Зеро агар аз як ҷониб барномарезии нодурусту заъфи нерӯ бошад, аз ҷониби дигар то андозае бедории мардуму даъво аз ҳуқуқи шахси худ аз мақомоти кишвар аст.

Агарчӣ бо сабабҳои маълум наметавонанд, дар даъвои хеш комёб
шаванд вале аз ҳаққи худ ҳам намегузаранд, ба мисли даъвои мардуми ноҳияи Норак, деҳаи Ҳушёрӣ, қазияи «Мовароуннаҳр» ва хонадони Рақибовҳо.

Ин дар ҳолест, ки додгоҳҳои мо ҳанӯз ҳам ба таври комил мустақил нестанд ва наметавонанд, ки дар яке аз қазияҳо аз рӯи адолати қонун хулоса кунанд. Ба назари шумо, ин рӯй овардани ҳукумат ба арзишҳои иҷтимоӣ аст ва ё нигарониҳои дохилӣ? Ё ин, ки омили дигаре аст, ки Шумо медонед? Ё, умуман, назари шумо дар ин бора чист?

Воқеан, Тунисро ҳам фаромӯш накунед...

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG