Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар гузориши солонаи HRW


Созмони HRW дар гузориши тозаи худ таъкид кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон ба маҳдудияти матбуот, фаъолиятҳои мазҳабӣ ва сиёсӣ идома медиҳад.

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Ҳюман Райтс Вотч дар гузориши солонаи худ навиштааст, бо вуҷуди гузоштани як гоми мусбат, аммо кӯчак дар бахши озодиҳои инсон, дар соли 2010 мақомоти Тоҷикистон ҳамчунон ба маҳдуд кардани озодии сухан ва матбуот, тақаллуб дар интихобот, нақзи озодиҳои динӣ ва маҳдуд кардани ҳуқуқи занон дар кишвар идома додаанд.

Интихоботи "олуда бо тақаллуб"

Ба навиштаи созмони Ҳюман Райтс Вотч, интихоботи парлумонии моҳи феврали соли гузашта дар ин кишвар олуда ба тақаллубу қонуншиканиҳо буда, ба пирӯзии ҳизби ҳоким анҷомид ва ҳукумати наздик ба бистсолаи раиси ҷумҳури ин кишвар Эмомалӣ Раҳмонро қавитар гардонд.

Саидумар Ҳусайнӣ
Саидумар Ҳусайнӣ, вакили порлумони Тоҷикистон, ки дар ин интихобот аз ҷониби Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, вориди Маҷлиси намояндагон шудааст, мегӯяд, ба ҳарфҳои Ҳюман Райтс Вотч мувофиқ аст.

"Дар гузориши Дидбони ҳуқуқи башар тамоми нукоти интихоботи февралии порлумон ҳамаҷониба акс наёфтааст, вале дар ҳақиқат мақомоти ҳукумат ҳаққи интихобро аз мардум гирифта буданд ва мо ҳангоми баршумурдани раъйҳо инро мушоҳида кардем. Интихоботи соли 2005-ро ҲНИТ як "фоҷеа" номида буд, вале ин интихоботи февралиро мо "зулм дар рӯзи рӯшан" номидем”,-афзуд ӯ.

Фаъолиятҳои динӣ маҳдуд шудааст



Саидумар Ҳусайнӣ бахши дигари гузориши солонаи Ҳюман Райтс Вотчро низ хотирнишон кард, ки дар он сухан дар бораи фишор болои тоату ибодати мардум меравад: "Тоҷикистон як кишвари мусулмонист ва дини ислом нуфузи зиёд дорад, вале аз ҳама бештар намояндагони ҳамин мазҳаб мавриди таъқиб қарор доранд. Ҳатто он озодиҳоеро, ки қонуни дин ба мардум додааст, мақомоти ҳукумати Тоҷикистон барои шаҳрвандони кишвар қоил намешаванд ва берун аз қонун мардуми диндорро таъқиб мекунанд, ки ин шояд хоҳиши кадом мансабдор аст ва амали берун аз қонун аст. Дар тарҳи «қонун дар бораи "Масъулияти падару модар", ки ҷавононро ҷисман ба масҷид рафтан манъ мекунад ба тасвиб нарасидааст, вале ду сол мешавад, ки ҷавонону наврасонро ҳангоми омадан ба масоҷид мавриди таъқиб қарор медиҳанд."

Давлат Назрӣ
Аммо Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ба нукоти гузориши Созмони ҳуқуқи башар розӣ нест ва мегӯяд, ки нозирони кишварҳо ва созмонҳои байналмилалие, ки ҷараёни интихоботи февралиро назорат мекарданд баҳои мусбат дода буданд.

Вай меафзояд дар мавриди фишор ба диндоророн бояд ба қонунҳои ҷории Тоҷикистон назар кард. Албатта дар матбуот доир ба фишору таъқиби диндорон мехонам, вале дар асл дар қонунҳои Тоҷикистон доир ба озодии виҷдону эътиқоду мазҳабҳо тамоми шароит ва заминаҳои фаъолияти қонунии мазоҳиб фароҳам оварда шудааст.



Нооромиҳои Рашт дар гузориши HRW

Дар гузориши Ҳюман Райтс Вотч ҳамчунон аз нооромиҳои ахир дар водии Рашт нигаронӣ шудааст, ки дар пайи он беш аз 30 афсар ва сарбози нерӯҳои давлати кушта шудааст. Бино ба ин гузориш, дар пасманзари Афғонистони ноором рух додани даргириҳо дар шарқи Тоҷикистон фазои амниятиро зери суол қарор додааст.

Дар гузориш омадааст, ки дар соли 2010 мақомоти ҳукумати Тоҷикистон фишору маҳдуд кардани фаъолияит васоили ахбори умумро идома додаанд.

Хуршеди Атоулло
Ба қавли Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи "Фараж", пас аз шурӯи ноамниҳо дар шарқи кишвар ва шурӯи амалиёти нерӯҳои қудратӣ алайҳи Мулло Абдулло ва Алии Бедакӣ, ҳафтаномаҳо ташвишу нигаронии мардумро инъикос карда гузоришҳои таҳлилӣ навиштанд, вале аз ҷониби Вазорати дифоъ дучори зарба қарор гирифтанд.

"Шумо бубинед, дар рӯзҳои оғози нооромиҳо дар Рашт ҳафтаномаҳо хусусан дар бораи ба оташ кашида шудани мошини вазорати дифоъ гузоришҳои таҳлилӣ ба чоп расонаданд ва дафъатан аз тарафи дафтари матбуоти ҳамин вазорат як гузориши муфассал ба чоп расид, ки дар он баъзе ҳафтномаҳо "ҳамкори террористҳо" ном бурда шуданд ва ба дунболи он чопхонаҳо, ҳатто чопхонаҳои мустақил аз нашри "Фараж", "Нигоҳ"-у "Пайкон" даст кашиданд ва дар пайи он баъзе сомонаҳо мисли "Тоҷнюс" ва "Авеста" боздошта шуданд",-афзуд ӯ

Вале Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки ба ишораҳои Созмони ҳуқуқи башар розӣ буда наметавонад. Ба қавли ӯ, мақомоти расмии ҳукумати Тоҷикистон ба болои васоити ахбори умум ягон фишор наовардаанд.

Вай гуфт, "мавқеи Тоҷикистон дар амри пуштибонӣ аз матбуот рӯшан аст ва ғайр аз он аз ҷониби президенти Тоҷикистон ду санаде ба имзо расид, ки онҳо низ бевосита ба дастгирии матбуот бахшида шудаанд. Дар ҳақиқат дар соли гузашта чанд мушкил пеш омад аз ҷониби кормандони баъзе мақомоти давлатӣ ва бо баъзе аз нашрияҳои мустақил, ки ин баҳси нашрияҳо бо кормандони ин ниҳодҳо буд на бо мақомоти давлатӣ. То ҷое медонам, бархе аз нашрияҳои мустақил, як муддат аз нашр бозмонда буданд, вале ин мушкили миёни ҳафтаномаҳо бо чопхонаҳо буд, ки баъдтар ҳамаи нашрияҳо ба чоп расидаанд ва пайваста нашр мешаванд."

Дар гузориши Дидбони ҳуқуқи башар ҳамчунин гуфта мешавад, ки хушунати хонаводагӣ, аз ҷумла фишор ба занон як масъалаи ҷидии марбут ба ҳуқуқи инсон аст, ки ҳанӯз талошҳои мақомоти масъули ин кишвар натиҷаи дилхоҳ надодаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон танҳо дар соли гузашта дар доираи тарҳи Кодекси оила синни издивоҷро аз 17 ба 18 сол боло бурд ва парлумони Тоҷикистон низ ин пешниҳодро пазируфт ва аз якуми январи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон духтарон дар сини 18 солагӣ никоҳ карда мешаванд.
XS
SM
MD
LG