Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 12 ҷангии толиб дар Афғонистон


Бар асари чанд амалиёти нерӯҳои НАТО ва артиши Афғонистон 14 гумонбари узвият ба ҷунбиши “Толибон” ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи мақомоти вилояти Нангарҳор, дар амалиёти рӯзи якшанбе 12 тани онҳо, аз ҷумла, фармондеҳ Мулло Анвар кушта шудаанд. Хабари ҳалокати Мулло Анварро низомиёни НАТО ҳам тайид карданд. Бар пояи гузориши онҳо, дирӯз Абдул Барӣ, яке аз чеҳраҳои шинохта миёни толибони минтақаи Пули Алами вилояти Лугар ҳам кушта шудааст. Низомиёни НАТО мегӯянд, Абдул Барӣ ба раҳбарони “Толибон” дар масъалаи дарёфти силоҳу мошин кӯмак мекард.
XS
SM
MD
LG