Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоди HRW аз вазъи ҳуқуқи башар дар Русия


Коршиносони созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch аз вазъи ҳуқуқи башар дар Русия интиқод карданд. Дар гузориши солонаи ин созмон гуфта шудааст, ки бо вуҷуди изҳороти мақомоти Русия, аз ҷумла, раисиҷумҳур Дмитрий Медведев дар бораи волоияти қонун дар кишвар, фаъолони ҷамъиятӣ ва мухолифин, чун пештара, мавриди фишору таъқиб қарор мегиранд. Ҳамин гуна вазъ дар Украина ҳам мушоҳида мешавад ва ҳукумат барои дифоъ аз озодии баёну таҳкими ҷомеъаи шаҳрвандӣ кореро анҷом намедиҳад, омадааст дар гузориш.
Human Rights Watch аз бадтар шудани вазъи ҳуқуқи башар дар Эрон ҳам изҳори нигаронӣ кардааст. Мақомоти ин кишвар, ба навиштаи муалифони гузориш, ба хотири ҷилавгирӣ аз дигарандешӣ аз таҳдиду шиканҷа кор мегиранд.
XS
SM
MD
LG