Пайвандҳои дастрасӣ

Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон дар шаҳри Брюссел қарор дорад ва меҳмони раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо аст.

Меҳмоне, ки ба гуфтаи онҳо собиқаи ваҳшатноки нақзи ҳуқуқи инсон дорад ва барои ин корҳояш бояд ҷазо мегирифт, на ба меҳмониву дидор ба Иттиҳодияи Аврупо даъват мешуд.



Дар иртибот ба сафари нодири Ислом Каримов ба Брюссел ва аҳамияти он барои режими Узбакистон, хабарнигори узбак Умеда Ниёзова мегӯяд:

-Барои режими Ислом Каримов ин сафар як дастоварди бузурги дипломатияи ҳукуматаш маҳсуб мешавад ва ин сафар чунин маънӣ дорад, ки куштор дар Андиҷон, мавридҳои зиёди нақзи ҳуқуқи инсон ва таҳримоти эъмолкардаи Иттиҳодияи Аврупо, печида шудани робитаҳои дутарафа, ҳама фаромӯш шудаанд. Маънии дигари сафари мазкур ин аст, ки Иттиҳодияи Аврупо сарфи назар аз ҳама чиз, омода аст муносиботашро бо Узбакистон беҳбуд бахшад, зеро ҳадафҳои воқеии стратегӣ дорад, ба мисли ҷанг дар Афғонистон, манофеъи энержӣ ва тавре онҳо мегӯянд, амният дар минтақа.

Суол: Воқеан, ин сафар хашми гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқро барангехт, ки Иттиҳодияи Аврупоро барои ин даъват башиддат интиқод кардаанд?

Ҷавоб: Бале, ҳоло матбуоти имрӯзро нигоҳ мекунам, бахусус, дар матбуоти Олмон чаҳор мақолаи мухталиф нашр шуданд, барномаҳои радиоӣ ҳам буданд. Баъдан, Ҳизби Сабзҳо дар Олмон, ки аз ҳизбҳои қавии кишвар аст, бо нашри як баёнияи расмӣ аз ин сафар эътироз кард. Табиист, ки боздиди Каримов аз Брюссел бисёр манфӣ пазируфта шуд, чунки аз як тараф Кумиссюни Аврупо масъалаи эъмоли таҳрим алайҳи Белорусро дар миён гузошта, аз сӯи дигар Ислом Каримовро ба Брюссел даъват мекунад, ки ин як кори бисёр бемантиқ аст. Як намунаи барҷастаи сиёсати дугонаи Иттиҳодияи Аврупост.

Суол: Дар Иттиҳодияи Аврупо баъзе аз сиёсатгузоронаш гуфтаанд, ки парҳез аз муносибат бо режими худкомаи истибдодӣ натиҷа нахоҳад дод ва беҳтар аст, роҳи муколама бо режими Ислом Каримовро пеша кард, то ҳадди ақал беҳбудие ҳосил шавад? Назари шумо дар ин маврид чӣ аст?

Ҷавоб: Ба ин гуфта мувофиқ нестам, зеро муколама ҳам беҳбудӣ намеорад. Намунаи рӯшан ин аст, ки вақте соли 2005 алайҳи Узбакистон барои амалкардаш дар ҳодисаҳои Андиҷон таҳрим эъмол шуд, аз ҷумла сафари 12 мақоми олирутбаи Узбакистон ба Аврупоро мамнӯъ карданд. Давлати Узбакистон зери ин фишор, аз феҳрасти 12 ҳомиёни ҳуқуқи зиндонӣ, ки Иттиҳодияи Аврупо пешниҳод кард, 5 нафари онҳо, аз ҷумла маро озод кард. Аммо баъд аз лағви ин таҳримот, Узбакистон дигарбора ба боздошти ҳомиёни ҳуқуқ шурӯъ намуд ва ягон нафари онҳоро ҳам дигар озод накард. Яъне, барои Иттиҳодияи Аврупо дигар ҳеҷ фишанге намонд, ки ба Узбакистон фишор оварад, ба истиснои интиқодҳои нарм, ки давлати Узбакистон парвои онҳоро надорад.

Суол: Дар воқеъ, Иттиҳодияи Аврупо ҳоло ҳеҷ абзори сиёсие надорад, ки рафтори давлати Каримовро тағйир диҳад?

Ҷавоб: Ба андешаи ман надорад, Узбакистон як кишвари печида ва Ислом Каримов, як сиёсатмадори қотеъ аст ва на Иттиҳодияи Аврупо ва на кишварҳои дигар фишангҳои воқеии фишор ба Узбакистонро надоранд. Аммо сафари Ислом Каримов ба Брюссел чунин маънӣ дорад, ки Иттиҳодияи Аврупо ӯро на ба ҳайси диктатор ва инсоне мепазирад, ки панҷ сол пеш хунсардона фармон дод, ҳадди ақал 500 нафар аз мардуми осоиштаро, ки дар майдон меистоданд, бикушанд. Яъне, дар Иттиҳодияи Аврупо ӯро ба ҳайси инсоне, масъули ин ҷиноят, шиканҷа ва кори кӯдакон аст, намепазиранд. Муҳимтар аз ҳама даъвати Каримов ба Брюссел чунин маънӣ дорад, ки дар Иттиҳодияи Аврупо ба ин ҳама нақзи фаровони ҳуқуқи инсон дар Узбакистон аҳамият намедиҳанд.

Суол: Вале дигар ин сафар иттифоқ афтод ва ба назари шумо раҳбарони Аврупо бо истифода аз ин фурсат ба Ислом Каримов чӣ бояд бигӯянд?

Ҷавоб: Хушҳол мешудам, агар онҳо масоили мушаххасеро бо Ислом Каримов матраҳ кунанд. Аз ҷумла, феҳрасти ҳомиёни ҳуқуқи узбак, ки ба Иттиҳодияи Аврупо фиристодаанд ба давлати Каримов бидиҳад, то онҳоро фавран аз зиндон раҳо кунанд. Зеро онҳо ҳеҷ гуноҳе надоранд, фақат барои кори худ ва ё хабарнигорӣ зиндонӣ шудаанд. Масъалаи сабти номи созмонҳои байналмилалӣ дар Узбакистон, ба мисли Ҳюман Райтс Вотч матраҳ шавад ва ҳам ҷадвали замоние муқаррар шавад, ки Иттиҳодияи Аврупо бубинад, давлати Узбакистон он корҳои мушаххасро анҷом додааст ва ё на.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG