Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози иҷрои қонуни зидди тамокукашӣ


Эътибор пайдо кардани қонуни маҳдудияти тамокукашӣ дар Тоҷикистон пурсишҳоеро низ халқ кардааст.

Ин қонун истифодаи тамоку, бо шумули сигарет ва носро дар муҳити баста ва серодам мамнӯъ кардааст. Нақзи ин қонун аз 105 сомонӣ то 35 000 сомонӣ ҷаримаро ба дунбол хоҳад дошт.

Афроди тамокукаш шикоят доранд, ки дар роҳи иҷрои ин қонун на дар ҳама муассисаҳо ҷойҳои хоси тамокукашӣ бунёд шудааст.

Оғози иҷрои қонуни зидди тамокукашӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:11 0:00


Бар тибқи таҳқиқоти Барномаи ғизо ва кишоварзии СММ шумораи тамокукашон дар ҷаҳон 20 миллион афзуда ва ба 1,3 миллирад нафар баробар шудааст.

Бештар аз ҳама Чин, 320 миллион нафар тамокукаш доштааст. Аммо сокинони Русия аз дигар кишварҳо бештар тамоку кашида, 60 дарсади мардону 22 дарсади занони он сигорӣ будаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар кураи Замин ҳар сол бештар аз 5 миллион нафар аз заҳри тамоку мефавтанд.
XS
SM
MD
LG