Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод: Теҳрон барои идомаи музокирот омода аст


Эрон эълом дошт, ки барои идомаи баррасиии мавзӯъи барномаи ҳастаии кишвар бо намояндагони панҷ кишвари узви доимии СММ ба изофаи Олмон омода аст. Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, зимни суханронӣ дар издиҳоми мардум дар шаҳри Рашт гуфт, ки агар тарафи муқобил ба адолату қонун арҷ гузорад, “умед меравад, ки тайи ҷаласоти оянда натоиҷи муносибе ҳосил шавад”.
Рӯзи шанбе дар шаҳри Истамбули Туркия даври навбатии музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон бенатиҷа анҷом ёфт. Теҳрон даъвати “шашгона” барои қатъи ғанисозии ураниумро бори дигар рад кард. Кишварҳои ғарбӣ ҳадс мезананд, ки ҳадафи Теҳрон аз ғанисозии ураниум дастёбӣ ба силоҳи ҳастаист ва аммо мақомоти Эрон инро қатъӣ рад мекунанд.
XS
SM
MD
LG