Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду раҳбари "Толибон" дар шарқи Афғонистон


Охири ҳафтаи гузашта бар асари зарбаҳои ҳавопаймоҳои низомии нерӯҳои НАТО дар шарқи Афғонистон ду раҳбари маҳаллии ҷунбиши “Толибон” кушта шуданд. Дар як изҳороти ҳайати фармондеҳии нерӯҳои байнулмилалӣ гуфта шудааст, ки яке аз онҳо - Мавлавӣ Анвар рӯзи ҷумъаи гузашта дар мавзеъи Хизараки вилояти Нангарҳор ба ҳалокат расид. Дигарӣ - Абдул Барӣ, яке аз чеҳраҳои шинохта миёни толибони минтақаи Пули Алами вилояти Лугар, рӯзи якшанбе кушта шуд. Низомиёни НАТО мегӯянд, Абдул Барӣ ба раҳбарони “Толибон” дар мавриди дарёфти силоҳу мошин кӯмак мекард.
XS
SM
MD
LG