Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи "Интер"-и Боку, қаҳрамони Озарбойҷон, ки дар бозии ниҳоӣ бар тими «Шахтёр»-и Солегорски Беларус, аз рӯи пенолти бо ҳисоби 6:5 пирӯз шуд, барандаи Ҷоми Иттиҳод-2011 гардид.

Бозии ниҳоӣ 23-юми январ дар Маҷмааи варзишиву фарҳангии «Петербург»-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо ҳузури 6000 тамошобин сурат гирифт. Ин бозии ҳалкунандаро, инчунин, Ҷозеф Блаттер, раиси ФИФА (Федеросиюни байналмилалии футбол), тамошо кард.

Замони асосӣ ва изофии дидор бидуни гол хотима ёфт. Ғолибро силсилаи пенолти ё зарбаҳои 11-метра муайян кард. Футболбозони «Интер», ки тӯбро бехато ба ҳадаф расонданд, бо натиҷаи 6:5 ғолиб шуданд.

Ҳайатҳои дастаҳо дар ин дидор чунин буд:

"Интер": Ломая, Круглов (Амираслонов, 46. Ассиоли, 110), Чертоганов, Червенка, Златинов, Левин, Канделаки, Орикадзе (Егоров, 70), Карлсонс, Дашдамиров (Мжаванадзе, 83), Абрамидзе.

"Шахтёр": Курскис, Коломитс, Челединский, Янушкевич, Поляков, Рожков, Леончик, Гренков, Ситко, Алумона, Риос (Петров, 76).

Огоҳӣ гирифтанд: Челединский, 22. Левин, 49. Амираслонов, 71. Ситко, 75. Рожков, 87. Чертоганов, 88.

Доварон: Безбородов, Лебедев, Зарипов (ҳарсе аз Русия).

Қабл аз бозии ниҳоӣ 21-уми январ дар даври ниманиҳоӣ «Интер» (Озарбойҷон) бар «Зенит» (Русия) бо ҳисоби 5:0 ва "Шахтёр" (Белорус) бар "Сконто" (Латвия) бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда буданд.
XS
SM
MD
LG