Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси оғози кори порлумони Афғонистон


Дар бораи таърихи рӯзи ифтитоҳи нахустин иҷлосияи парлумони ҷадиди Афғонистон аз он кишвар ҳамчунон гузоришҳои зиддунақиз ба даст меоянд.

Ибтидо ин маросим ба 23-юми январ муқаррар шуд, аммо баъд аз он ки додгоҳи вижаи тахаллуфоти интихоботӣ аз раиси ин ҷумҳурӣ Ҳомид Карзай барои баррасии шикоёти фаровони расида дастикам як моҳи дигар хост, дафтари Карзай хабар дод, ки расми адои савганди Вулусӣ Ҷирга, маҷлиси поёнии парлумон, то рӯзи 22-юми феврал ақиб андохта шуд.

Тасмиме, ки номзадҳои ғолиб дар интихоботи парлумонии моҳи сентябр ба он розӣ нестанд. Вакилони баранда ахиран ба Ҳомид Карзай пешниҳод кардаанд, ки баҳсро ба маҳкамаи Афғонистон бикашонанд ва додгоҳ ба ҳар қароре бирасад, ҷонибҳо бояд бипазиранд.

Гулпочо Маҷидӣ, барандаи интихобот аз вилояти Пактиё гуфт, додгоҳи хоси интихоботӣ салоҳияти ҳалли чунин масоилро надорад ва кор бояд тавассути додгоҳҳои оддӣ баррасӣ шавад. Оқои Маҷидӣ гуфт, онҳо акнун мунтазиранд, ки Ҳомид Карзай ба пешниҳоди ҷадиди онҳо чӣ хоҳад гуфт.

Бино ба хабарҳо, дирӯз Карзай худ бо як гурӯҳи вакилон мулоқот кард ва вазираш дар умури парлумон ҳам тамоми рӯзи якшанбе бо вакилони барандаи Вулусӣ Ҷирга музокирот дошт, вале ҷонибҳо ҳанӯз ба як роҳи ҳалли барои ҳамагон мувофиқ даст наёфтаанд. Бо ин ҳол, вакилони ғолиб мегӯянд, Карзай мехоҳад ё на, онҳо рӯзи 26-уми январ нахустин иҷлоси Вулусӣ Ҷиргаи ҷадидро барпо хоҳанд кард.

Шукрия Баракзай, яке аз вакилоне ки дирӯз дар Арки раёсатҷумҳурӣ дар Кобул бо Ҳомид Карзай ба гуфтугӯ нишаста буд, ба Радиои Озодӣ гуфт, Карзай зоҳиран 26-уми январро ба ҳайси рӯзи оғози кори парлумони ҷадид қабул дорад.

Аҳмадзиё Рафъат, сухангӯи куммисиюни расидагӣ ба шикоёти интихоботӣ ҳам мегӯяд, кадом монеаи қонуние барои ифтитоҳи кори парлумон дар ҳоли ҳозир вуҷуд надорад. Аммо номзадҳои шикастхӯрда дар интихоботи моҳи сентябр ҳамчунон исрор меварзанд, ки ин райъгирӣ бо тақаллуби фаровон сурат гирифт ва парлумони ҷадид набояд то анҷоми таҳқиқ ва баррасии тамоми шикоёт аз сӯи маҳкамаи хоси интихоботӣ ташкили ҷаласа кунад.

Наҷибуллоҳ Муҷоҳид, яке аз ин вакилони мӯътариз мегӯяд, агар ин додгоҳи вижа ҳам қазияро ба нафъи номзадҳои баранда ҳалл кунад, онҳо ин бор сари итоат фурӯ хоҳанд овард.

Карзай дар ҳафтаи гузашта ифтитоҳи кори парлумонро то 22 феврал ақиб андохт, то додгоҳи хоси таъсисшуда фурсати расидагӣ ба тамоми шикоётро дошта бошад. Аммо вакилони баранда мегӯянд, ин додгоҳ чунин салоҳиятро надорад ва онҳо мусаммиманд, рӯзи чоршанбе ба кор шурӯъ кунанд.
XS
SM
MD
LG