Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Al-Jazeera” пешниҳодҳои фаластиниҳоро ошкор кард


Телевизиони “Al-Jazeera” аз асноде иқтибос кард, ки ҳокии пешниҳоди ахири фаластиниҳо дар мавриди шеваи тақсими Байтулмуқаддас бо Исроил ва маҳдуд кардани бозгашти паноҳандагони фаластинист. Бино ба иддаои “Al-Jazeera”, аз ҷараёни музокироти 10 соли охир 1600 санад дарёфт кардааст. Ин шабака мегӯяд, фаластиниҳо ба Исроил назорати байналмилалӣ бар Байтулмуқаддас, ҳифзи ҳамаи шаҳракҳои яҳудинишин, ба истиснои якеаш дар сарзаминҳои ишғолӣ ва ҳам бо 100 000 нафар маҳдуд кардани шумори паноҳандагони фаластинии муддаии бозгашт ба Исроилро пешниҳод кардаанд.
Вале ин ҳама музокирот то ҳол натиҷа наовардааст.
XS
SM
MD
LG