Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ахбори зиддунақиз аз рӯзи оғози кори Вулусӣ Ҷирга


Як гурӯҳи вакилони парлумони Афғонистон ба раиси он ҷумҳурӣ Ҳомид Карзай пешниҳод кардааст, ки баҳси ифтитоҳи кори парлумони ҷадид дар додгоҳҳои оддӣ ҳалл шавад, на дар додгоҳи хоси тахаллуфоти интихоботӣ. Аммо Шукрия Баракзай, як вакили баранда мегӯяд, Карзай зоҳиран бо пешниҳоди дар рӯзи 26 январ доир кардани иҷлосияи нахустин Вулусӣ Ҷирга, маҷлиси поёнии парлумони Афғонистон розӣ шудааст.
Карзай қаблан оғози иҷлосияи нахустини парлумонро ба 23 январ таъйин карда буд. Вале додгоҳи хоси интихоботӣ барои расидагӣ ба шикоёт фурсати бештар хост ва дафтари Карзай оғози кори парлумонро то 22 феврал ақиб андохт.
XS
SM
MD
LG