Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Силва дубора президенти Португалия интихоб шуд


Анибал Кавако Силва барои бори дуввум раисиҷумҳури Португалия интихоб шуд. Натоиҷи расмӣ ҳокист, ки дар раъйгирии дирӯза номзади муҳофизакорон Силва 53 дарсад ва рақиби аслиаш аз ҳизби сотсиалист Мануэл Алегре зери 20 дарсади ороро ба даст овардаанд. Интихоботи ахири Португалия дар ҳоле гузашт, ки ин кишвар ба мушкилоти сахти молӣ рӯбарӯст. Кавако Силва ваъда супурдааст, ки давлат бидуни муроҷиат барои кумак ба ниҳодҳои байналмилалии молӣ ба рафъи буҳрон иқдом хоҳад кард. Мақоми раисиҷумҳур дар Португалия асосан намоишист, вале ӯ ҳаққи радд кардани номзади сарвазир ва мунҳал кардани парлумонро дорад.
XS
SM
MD
LG