Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил амали нирӯҳояшро дуруст номид


Таҳқиқоти анҷомдодаи Исроил ба натиҷае расид, ки нирӯҳои Исроил дар ҷараёни амалиёти моҳи май алайҳи корвони киштиҳои ҳомили кумак ба сарзаминҳои фаластинӣ тибқи қонун амал кардаанд. Гузориши 300-саҳифаии куммиссиюни таҳқиқотии Исроил мегӯяд, амалиёти рӯзи 31 май алайҳи киштии туркии Mavi Mamara тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ анҷом шудааст. Бино ба ин гузориш, нирӯҳои Исроил дуруст амал кардаанд ва фаъолони тарафдори фаластиниҳо ҳаққи сарфи назар кардани муҳосираи навори Ғазаро, ки Исроил эъмол кардааст, надоштанд. Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон хулосаи таҳқиқоти Исроилро ба интиқод кашида гуфт, “ин гузориш қобили эътимод нест.” Дар ҷараёни амалиёти алайҳи Корвони киштиҳои озодӣ 8 шаҳрванди Туркия ва 1 амрикоии низ туркиюласл кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG