Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрд бо қочоқбарони афғон дар Шоун


Марзбонони тоҷик шаби 19 ба 20 январ дар мавзеъи Шоуни ноҳияи Шӯробод аз як талоши убури қочоқбарони маводи мухаддир аз Афғонистон ҷилавгирӣ кардаанд. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтааст, ки қочоқбарон тақрибан 13 нафар буда, дар ҷараёни задухӯрд 2 тани онҳо кушта шуданд. Бақия ба он сӯи марз фирор кардаанд, вале ба гуфтаи оқои Раҳматуллоев, аз ҷои ҳодиса 2 мусалсали Калашников, 11 халта бо 200 кило канабис ва ҳамчунин 11 кило афюн кашф ва мусодира шудааст.
Ин нахустин талоши мусаллаҳонаи убури қочоқбарон аз марзи Тоҷикистону Афғонистон дар соли ҷорист.
XS
SM
MD
LG