Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Монеа барои оғози кори порламони нави вуҷуд надорад


Мунозираҳои зиддунақиз дар бораи маросими гушоиши нахустин иҷлосияи порламони нави Афғонистон рӯзи якшанбе низ давом кард. Ин маросим барои 26-ӯми январ дар назар гирифта шудааст. Вале баъзе намояндагони ин порламон мегӯянд, онҳо мехоҳад, ки расидагии додгоҳи вижа ба тақаллуб дар натиҷаҳои интихоботи моҳи сентябр ба поён расад ва натиҷаҳои ин расидагӣ эълон шавад. Аҳмад зиё Рафъат-узви Кумиссиюни расидагӣ ба шикоёт мегӯяд:

"Қатъи назар аз Кумиссиюни шикоёти интихоботӣ роҳ барои гушоиши Шӯрои Миллӣ боз аст ва Вулусӣ Ҷирга метавонад корашро оғоз кунад. Ҳеҷ монеаи қонунӣ, то он ҷо ки ба Кумиссиюни шикоёти интихоботӣ бармегардад, вуҷуд надорад".

Шукрия Боракзай ва Гулпочо Маҷид-намояндагони порламон гуфтаанд, Карзай розӣ шудааст, ки то охири моҳи феврал интизор нашавад, балки ҳафтаи оянда рӯзи чаҳоршанбе иҷлоси порламони навини Афғонистон шурӯъ ба кор кунад ва бад-ин тариқ ба мухолифатҳои сиёсӣ хотима дода шавад.
XS
SM
MD
LG