Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон гуфт, ки ба музокироти оянда омода аст


Имрӯз Эрон изҳор дошт, ки барои музокироти баъдӣ бо шаш кишвари муҳими ҷаҳон роҷеъ ба барномаҳои ҳастаиаш омода аст. Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳур гуфт, "агар ҷониби дигар тасмим гирифтааст ва тааҳҳуд месупорад, ки ба адолат ва қонун эҳтиром мегузорад, дар он сурат метавонад мунтазир бошад, ки дар музокироти оянда натиҷа ба даст хоҳад омад". Ин суханонро Аҳмадинежод дар ҳоле ба забон овардааст, ки дар музокироти рӯзҳои ҷумъа ва шанбе бо шаш кишвари пешрафтаи ҷаҳон дар Истамбул роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон натиҷае ба даст наомад.
XS
SM
MD
LG