Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳои зиддунақиз дар бораи оғози кори порламони нав


Мунозираҳои зиддунақиз дар бораи маросими гушоиши нахустин иҷлосияи порламони нави Афғонистон рӯзи якшанбе низ давом кард. Ин маросим барои 26-ӯми январ дар назар гирифта шудааст. Вале баъзе намояндагони ин порламон мегӯянд, онҳо мехоҳад, ки расидагии додгоҳи вижа ба тақаллуб дар натиҷаҳои интихоботи моҳи сентябр ба поён расад ва натиҷаҳои ин расидагӣ эълон шавад. Аммо пештар Шукрия Боракзай ва Гулпочо Маҷид-намояндагони порламон гуфтаанд, Карзай розӣ шудааст, ки то охири моҳи феврал интизор нашавад, балки ҳафтаи оянда рӯзи чаҳоршанбе иҷлоси порламони навини Афғонистон шурӯъ ба кор кунад ва бад-ин тариқ ба мухолифатҳои сиёсӣ хотима дода шавад. Ҳафтаи пеш Ҳомид Карзай гуфта буд, бояд ба додгоҳи вижа як моҳ вақт дод, то он ба шикоятҳои ворида дар бораи тақаллуб дар интихоботи порламонӣ расидагиҳои худро ба поён расонад.
XS
SM
MD
LG