Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Русия як сарбоз аз бемории зукоми хук даргузашт


Вазорати дифои Русия эътироф кард, ки 21-ӯми январ як сарбози ин кишвар дар шаҳри Кемерово аз бемории зукоми хук даргузаштааст. Вазорат гуфтааст, ки ин беморро ба бемористони вилоятии Челябинск барои муолиҷа интиқол додаанд, вале пизишкон натавонистаанд вайро аз марг наҷот диҳанд. Вазорати дифои Русия дастур додааст, ки дар ин минтақа дар миёни воҳидҳои низомӣ вазъро шадидан зери назорат бигиранд ва аз пайдоиш ё густариши бемории зукоми хук пешгирӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG