Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳазорон нафар бар зидди Янукович эътироз карданд


Рӯзи шанбе ҳазорон нафар ҷонибдорони Юлия Тимошенко-нахуствазири собиқи Украина дар маркази шаҳри Киев гирдиҳам омаданд, то аз Виктор Янукович-раиси ҷумҳур, ки мухолифи хонум Тимошенко мебошад, интиқод кунанд. Бисёриҳо дар даст шиор доштанд ва дар ин шиорҳо истеъфои Виктор Янукович ва Микола Азаро-нахуствазир ба чашм мерасид. Гирдиҳамоӣ сулҳомезу ором буд ва касе боздошт нашудааст. Янукович соли гузашта ба қудрат расид ва мухолифони сиёсӣ аз вай интиқод карданд, ки вай бо Маскав хелел наздик аст.
XS
SM
MD
LG